Август 25, 2020 13:00 Asia/Dushanbe
  • Идомаи фаолияти беш аз 10 ҳазор доишӣ дар Ироқ ва Сурия

Созмони Миллал эълом кард беш аз 10 ҳазор нафар аз аъзои гуруҳи террористии ДОИШ ҳануз дар Сурия ва Ироқ фаол ҳастанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Алъолам, масъули баландпояи муқобила бо терроризм дар Созмони Миллал мегӯяд беш аз даҳ ҳазор нафар аз аъзои гуруҳи террористии ДОИШ ҳамчунон дар Ироқ ва Сурия фаолият мекунанд.

Владими Вронков, муовини дабири кулли Созмони Миллал дар умури зидди террористӣ ба Шурои амнияти ин созмон гуфт: Аъзои ДОИШ озодона "дар ҳалқаҳои кучаки байни ду кишвар" дар равуо ҳастанд.

Вай афзуд ин гуруҳи террористӣ худро бозсозӣ ва бори дигар созмондиҳӣ карда ва фаолиятҳояш ҳам на танҳо дар марокизи кашмакаш ва даргирӣ дар Ироқ ва Сурия, балки дар бархе манотиқи дигар афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи ин мақоми Созмони Миллал, иқдомоти пайгиришуда дар бархе кишварҳо барои муқобила бо ҳамагирии КОВИД-19 аз ҷумла муқаррарот ва маҳдудиятҳои равуо ба коҳиши ҳамлаҳои террористӣ дар бисёре аз ин кишварҳо анҷомидааст.

 

Барчасп