Август 26, 2020 17:16 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамкории Ироқ бо Эрон, Сурия ва Русия алайҳи ДИИШ

Фармондеҳии амалиёти муштараки Ироқ таъкид кард, ҳамкорӣ бо Эрон, Сурияву Рӯсия алайҳи ДИИШ ва табодули иттилоот бо ин кишварҳо идома дорад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Таҳсин Алхафоҷи, сухангӯии фармондеҳии амалиёти муштараки Ироқ имрӯз - чаҳоршанбе бо ишора ба идомаи фаъолияти маркази амниятии чаҳорҷониба дар вазорати дифои Ироқ барои мубориза бо ДИИШ гуфт, ин марказ аз чаҳор кишвари Ироқ, Русия, Сурия ва Эрон ташкил шудаву маъмурияти он ироаи иттилоот, ҳамоҳангии иттилоотӣ байни ин кишварҳо ва идомаи муборизаи алайҳ ДИИШ аст.

Алхафоҷи афзуд, ин марказ нақши зиёде дар мубориза бо ДИИШ аз тариқи ироаи иттилоот, ба вижа дар манотиқи сурӣ – ироқӣ ифо кардааст.

Сухангӯи фармондеҳии амалиёти муштараки Ироқ ҳамчунин бо такзиби истиқрори дубораи нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ дар Ироқ гуфт, нерӯҳои эътилофи амрикоӣ то кунун аз ҳашт пойгоҳ, аз ҷумла “Ат-Тоҷи” хориҷ шудаву ин пойгоҳҳоро таҳвили нерӯҳои ироқӣ додаанд.

Алхафоҷи афзуд, хуруҷи нерӯҳои эътилофи амрикоӣ аз ин пойгоҳҳо ба маъноии истиқрори муҷаддади онҳо дар пойгоҳҳоӣ дайгаре монанди “Айнуласад” ва “Ҳарир” нест, балки ин як хуруҷи комил бо тартиби замонӣ ва ҳамоҳангӣ бо давлати Ироқ аст.

Мардум ва гурӯҳҳои ироқӣ хоҳони хурӯҷи нерӯҳои террористии амрикоӣ аз Ироқ ҳастанд ва порлумони ин кишвар низ тарҳе дар бораи хуруҷи ин нерӯҳо тасвиб кардааст.

 

Барчасп