Август 30, 2020 17:03 Asia/Dushanbe
  • Дабири кулли Ҳизбуллоҳ: Муқовимат ҳеҷгоҳ режими саҳюнистиро ба расмият нахоҳад шинохт

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон паёми ошуроро истодагӣ дар муқобили зулму зиллат донист ва гуфт, Ҳизбуллоҳ ҳаргиз аз гузинаи Муқовимат ва душманӣ бо режими саҳюнистӣ даст барнахоҳад дошт.

Сайидҳасани Насруллоҳ- дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон имрӯз якшанбе дар суханоне ба муносибати ошурои ҳусайнӣ , набарди имрӯзи минтақаро ҷанг миён ҳаққу ботил баршумурд ва афзуд: Ҳизбуллоҳ ва Муқовимати исломӣ дар рӯзи даҳуми муҳаррам бар илтизоми қотеъи худ барои ҳамроҳӣ бо ҳар гурӯҳе, ки бихоҳад бо режими саҳюнистӣ мубориза намояд, таъкид мекунад.

Сайидҳасани Насруллоҳ бо баёни ин ки давлати Амрико хоҳони сайтара ва тороҷи сарвати кишварҳои минтақа аз ҷумла Яман, Сурия ва Ироқ ва душмании бепоён бо Эрон аст, изҳор дошт: Дар баробари ин таҷовузгариҳо роҳе ҷуз мубориза ва истодагӣ нест.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон созиши Аморот бо режими Исроилро зиллате бузург барои ин кишвар ва хиёнат ба ҷаҳони араб баршумурд ва гуфт: Саҳюнистҳо бо эъломи ин ки ҳозир ба таваққуфи тарҳи ишғоли Каронаи Бохтарӣ ва ё фурӯши ҷангандаи F-35 ба Аморот нестанд, обрӯи Аморотро бурданд.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар бораи вазъияти Лубнон низ гуфт: Лубнон ба нахуствазире ниёз дорад, ки битавонад вазъияти иқтисодӣ ва зиндагии мардумро беҳбуд бахшида ва зимни бозсозӣ, даст ба ислоҳот бизанд.

Насруллоҳ ҳамчунин хотир нишон кард, Ҳизбуллоҳ дар бораи ҳамалоти ахири режими саҳюнистӣ, ки муҷиби шаҳодати теъдоде аз ҷумла «Алӣ Комил Мӯҳсин» шуд ба равиши худ яъне тасбити муодила ва мувозина, идомаи медиҳад, Исроил бояд бифаҳмад, ки агар яке аз неруҳои Ҳизбуллоҳро ба шаҳодат бирасонад, яке аз неруҳояш кушта хоҳад шуд.

 

Барчасп