Август 30, 2020 17:24 Asia/Dushanbe
  • Тадовуми тазоҳурот алайҳи Натанияҳу дар Қудси ишғолӣ

Ҳазорон нафар аз сокинони Фаластини ишғолӣ шанбешаб бори дигар бо тазоҳурот муқобили сохтмони маҳалли иқомати "Бенямин Натанияҳу", нахуствазири режими саҳюнистӣ дар Қудси ишғолӣ хостори истеъфои вай шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сокинони Фаластини ишғолӣ дар ин тазоҳурот шиорҳое алайҳи Натанияҳу сар доданд.

Мӯътаризон, ки чанд ҳафтааст ба таври мудовим алайҳи нахуствазири режими саҳюнистӣ тазоҳурот мекунанд хостори канорагирии вай ҳастанд.

Сарзаминҳои ишғолӣ таи моҳҳои ахир борҳо шоҳиди тазоҳурот алайҳи фасоди молии Бенямин Натанияҳу ва низ амалкарди заифи ӯ дар заминаи муқобила бо вируси корона будааст.

Мӯътаризон бо интиқод аз амалкарди заифи кабинаи Натанияҳу дар контроли корона ва парвандаҳои фасоди молии ӯ ва ҳамсараш, хостори истеъфои ҳар чи сареътари ӯ шудаанд.

Натанияҳу дар тӯли моҳҳои ахир даргири 4 парвандаи фасоди молӣ будааст; парвандаҳое, ки дар расонаҳо ба «парвандаи 1000», «парвандаи 2000», «парвандаи 3000» ва «парвандаи 4000» маъруф шудааст.

 

Барчасп