Август 31, 2020 10:20 Asia/Dushanbe
  • Раиси  Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусулмон: Оддисозии равобит бо саҳюнистҳо ҳаром аст

Аҳмад Рисунӣ- раиси Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусулмон эълом кард: Оддисозии равобит бо режими ишғолгари саҳюнистӣ бар асоси шариати ислом ҳаром аст.

Ба гузориши ИРНА, Рисунӣ дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Ашшуруқ чопи Алҷазоир гуфт: Мавзеъи шариат дар мавриди ин оддисозӣ танҳо метавонад таҳрим ва мухолифати комил бошад ва бар асоси мавозини инсонӣ ва ахлоқӣ низ мавзеъи муносиб танҳо таҳрим аст.

Рисунӣ афзуд: Истилоҳи “оддисозии равобит” таъбири ҷадиде дар мавриди режими саҳюнистӣ аст, ки аз раҳгузари он мехоҳанд арабҳо ва мусулмонон ғасб ва ишғоли сарзамини Фаластин, кӯчондани сокинони он ва ҳазорон ҷинояти дигарро ба фаромӯшӣ бисупоранд.

Раиси Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусулмон афзуд: Ҳадаф аз оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ, хориҷ кардани ин режим аз вазъияти ногуворе аст, ки ба сабаби мухолифати қотеъи миллатҳои минтақа дар он ба сар мебарад.

Алрисунӣ таъкид кард: Оддисозии равобити бархе кишварҳои арабӣ бо режими саҳюнистӣ, дар ҳақиқат хидмат ба ин режим ва абзори наҷоти он аст ва мӯҷиби тадовуми ишғолгарии ин режим хоҳад шуд.

Амрико, режими саҳюнистӣ ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ба тозагӣ бо интишори баёнияе муштарак эълом карданд, ки Абудзабӣ ва Тел-Авив ба таври расмӣ равобити худро оддӣ мекунанд.

Аморот бо ин иқдоми худ пас аз Миср ва Урдун сеюмин кишвари арабӣ ва нахустин кишвари арабии ҳошияи Халиҷи Форс хоҳад буд, ки ба таври расмӣ бо режими саҳюнистӣ равобити сиёсӣ барқарор мекунад.