Октябр 09, 2016 17:52 Asia/Dushanbe
  • Бон Ки Мун ҳамлаи маргбори режими саудӣ ба Санъоро маҳкум кард

Дабири кулли Созмони милали муттаҳид ҳамлаи ҳавоии маргбори Арабистони Саудиро ба шаҳри Санъо, пойтахти Яман маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории "Спутник", Бон Ки Мун шанбешаб дар баёнияе ҳамлаи ҳавоии маргбори эътилофи таҳти раҳбарии режими саудиро ба як маросими тадфин дар шаҳри Санъо, пойтахти Яман, ки садҳо куштаву захмӣ барҷой гузошт, маҳкум кард.

Гузоришҳои аввалия нишон медиҳад, дар ин ҳамла, ки гуфта мешавад тавассути эътилофи таҳти амри Арабистони Саудӣ анҷом шудааст, беш аз 140 нафар куштаву садҳо тани дигар захмӣ шудаанд.

Баёнияи Созмони милал меафзояд, Бон Ки Мун ҳамвора таъкид кардааст, ҳар гуна ҳамлаи амдӣ ба ғайринизомиён ба таври комил ғайри қобили қабул аст.

Дар ин баёния ҳамчунин гуфта шудааст, Бон Ки Мун таҳқиқоти густарда ва бетарафонаеро дар бораи ин ҳодиса хостор шудааст.

Аз марти соли 2015 то кунун нерӯҳои эътилоф ба саркардагии режими саудӣ, борҳо амокини умумӣ ва ғайринизомиёнро дар Яман ҳадафи ҳамалоти ҳавоӣ қарор додаанд.