Сентябр 19, 2020 13:14 Asia/Dushanbe
  • Вақте Трамп ба амири Кувейт боҷ медиҳад

Раисҷумҳури Амрико барои нахустин бор ва ба муносибати 60-умин солгарди барпоии равобити дуҷониба бо Кувейт, нишони лиёқати низомӣ бо дараҷаи фармондеҳи кулли қуворо, ки болотарин нишони Амрико аст, ба амири ин кишвар эъто кард.

Ба гузориши RT арабӣ, дар маросими вижае, ки рӯзи ҷумъа дар Кохи Сафед баргузор шуд, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико нишони лиёқати низомӣ бо дараҷаи фармондеҳи кулли қуворо ба Саббоҳ Ал-Ҳамад Ал-Саббоҳ, амири Кувейт эъто кард.

Носир ал Сабоҳ ал Аҳмад ал Ҷобир, фарзанди бузурги амири Кувейт ба намояндагӣ аз ӯ дар ин ҷаласа ҳузур ёфта буд то нишони лиёқати низомиро дарёфт кунад.

Коршиносон ин иқдоми Трампро дар ростои талошҳои ӯ барои оддисозии равобити кишварҳои арабӣ бо режими саҳюнистӣ таҳлил карда ва онро боҷи Трамп ба амири Кувейт донистаанд.

Трамп дар ин ҷаласа аз талошҳои мустамари амири Кувейт ва нақши муҳимме, ки дар минтақа ва ҷаҳон бар ӯҳда дорад такрим кард.

Доналд Трамп пас аз дидораш бо ҳайати кувейтӣ муддаи шуд, ки ба зуддӣ Кувейт ҳам ба кишварҳое мепайвандд, ки бо Исроил равобити худро оддӣ кардаанд.

Бино бар эъломи Кохи Сафед нишони лиёқати низомӣ бо дараҷаи фармондеҳи кулли қуво болотарин нишони воло ва хоссе аст, ки танҳо аз сӯи раисиҷумҳур эъто мешавад ва аз соли 1991 токунун ин нишон ба ҳеҷ фарде эъто нашуда буд.

Амири Кувейт, ки 91 сол дорад ва аз соли 2006 бар ин кишвар ҳукмронӣ мекунад, вазъи ҷисмонии хубе дорад ва пас аз анҷоми як амалиёти ҷарроҳии муваффақиятомез аз бемористон тархис шудааст.

 

Барчасп