Чархаи ноамнӣ ва хушунат дар Осиёи Ғарбӣ; натиҷаи сиёсатҳои Амрико
(last modified Sun, 20 Sep 2020 05:41:56 GMT )
Сентябр 20, 2020 10:41 Asia/Dushanbe
  • Чархаи ноамнӣ ва хушунат дар  Осиёи Ғарбӣ; натиҷаи сиёсатҳои Амрико

Амрико дар баёнияи зиддиэронии худ, бори дигар Эронро ба ошӯбафканӣ дар минтақаи Ғарби Осиё муттаҳам кардааст.

Дар бахше аз баёнияи зиддиэронии Вазорати хориҷаи Амрико иддао шудааст, ки Эрон аз сарвати ношӣ аз тавофуқи ҳастаӣ барои доман задан ба марг ва вайронӣ аз Яман то Ироқ, Лубнон ва Сурия истифода кардааст.

Иддаои Амрико мабнӣ бар ошӯбафкании Ҷумҳурии Исломӣ дар Ғарби Осиё , кизб ва нишонаи шикасти роҳбурди фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Ҷумҳӯрии Исломӣ аст ; иддаое аст ки ҳатто муттаҳидони суннатии Амрико дар Қораи Аврупо низ бо он ҳамроҳӣ накарданд .
Вазъияти имрӯзи Ғарби Осиё беш аз ҳамаи ношӣ аз роҳбурди сегонаи Амрико шомили ҷанг , ихтилофафканӣ миёни руқабо ва кишварҳои минтақа, ҳамчунин табдили минтақа ба бозори силоҳҳои амрикоӣ аст , силоҳҳое ки ҳатто конгресси Амрико низ изъон карда алайҳи ғайринизомиён истифода мешавад .  
Мардуми Яман монанди ҳамаи мардуми кишварҳои арабӣ ,ки дар соли 2011 шоҳиди қиём алайҳи диктаторӣ буданд , алайҳи ҳукумати диктатории Алӣ Абдуллои Солеҳ қиём карданд . хоста ва мутолибаи аслии мардуми Яман , демократӣ буд, яъне ҳамон чизе, ки дар зумраи арзишҳои иддаои Амрико аст .
Бо ин ҳол , Амрико ва муттаҳидони арабии он дар минтақаи Ғарби Осиё ҳамаи талоши худро ба кор бурданд то монеъи таҳаққуқи демократӣ дар Яман шаванд ва дар як марҳала бо баргузории интихоботи намоишӣ ва   номзадии ягонаи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар ва ба қудрат расондани Абдураббо Мансури Ҳодӣ муваффақ низ буданд .
Он чӣ сабаби бозтаҷдиди эътирозҳо дар Яман дар соли 2014 шуд , нокомии Мансури Ҳодӣ дар таъмини мутолиботи мардум ва вобастагии комили вай ба хориҷ аз Яман буд ки ниҳоятан низ ба қудрат гирифтани гурӯҳҳои ҷадиде дар ин кишвар аз ҷумла ҷумбиши  Ансоруллоҳ шуд .
 Арабистони Саудӣ , муҳимтарин муттаҳиди Амрико дар Ғарби Осиё бо ҳимояти давлати вақти Амрико аз роҳбурди ҷанги алайҳи Яман баҳра гирифт ва давлати кунунии Доналд Трамп низ дар 4 соли гузашта ҳимояти ҳамаҷонибае аз он ба амал овардааст . Натиҷаи ин ҷанг ташаккули бузургтарин фалокати башардӯстонаи системаи ҷаҳонӣ дар Яман дар даҳсолаҳои охир буд. Сабаби асосии ин вазъ мухолифати Иёлоти Муттаҳида ва Арабистони Саудӣ ба эҳтимоли ба қудрат расидани Ансоруллоҳ дар Яман аст, ки дар муқоиса бо Вашингтон ва Риёз ҳувияти сиёсӣ ва мазҳабӣ дорад.
Бидуни шак , вазъияти феълии Ироқ натиҷаи ҷангу мудохилаи Амрико аст . Амрико ба баҳонаи силоҳи куштори ҷамъӣ дар соли 2003 ба Ироқ ҳамла кард , аммо аз 2003 ба баъд , Ироқ амалан таҳти ишғоли Амрико қарор дорад . Шаклгирии давлатии шикананда дар Ироқ натиҷаи мудохилаҳои Амрико аст .
 Вашингтон хостори сиёсати хориҷии мустақил дар Ироқ нест, балки табаъияти комил аз сиёсатҳои Амрикоро пайгирӣ мекунад , назири он чӣ ки ин рӯзҳо Имороту Баҳрайн ва чанд кишвари дигари арабӣ дар қазияи Фаластин анҷом медиҳанд . Таъкиди гурӯҳҳои ироқӣ бар истиқлолу мухолифати онҳо бо мудохилаи Амрикои сабаби созмондиҳии тавтеа ва иҷрои он тавассути муздурони Амрико дар Ироқ ва бозтавлиди  хушунату нооромӣ дар ин кишвари муҳими Ғарби Осиё шудааст .  
 Лубнон бо ҷанг ва даргирии дохилӣ мувоҷеҳ нест, балки бо рақобати гурӯҳҳои сиёсӣ барои касби қудрат мувоҷеҳ аст . Ин рақобат дар соли 2018 бо пирӯзии эътилофи муқовимат дар интихоботи порлумонии май 2018 ҳамроҳ буд , аммо Амрико ва ҳомиёни он дар дохилу хориҷи Лубнон дар октябри 2019 талош карданд шикаст дар сандуқҳои райро бо тазоҳуроти хиёбонӣ ва фишор созмондиҳӣ шуда бар эътилофи муқовимат ҷуброн кунанд . Вазъияти имрӯзи Лубнон натиҷаи душмании номаҳдуди Амрико ва муттаҳидонаш бо Ҳизбуллоҳи Лубнон аст .  
 Сурия дар соли 2011 шоҳиди эътирозҳои мардумӣ буд , аммо эътирозҳо ба ҷанги террористӣ табдил шуд . Гурӯҳҳои террористӣ таҳти ҳимояти меҳвари ғарбӣ ба раҳбарии Амрико , меҳвари арабӣ ба раҳбарии Арабистон ва меҳвари саҳюнистӣ талош карданд бо ишғоли ҷуғрофиёии Сурия ва ба роҳ андохтани ҷангу хунрезии заминаи суқути давлати қонунӣ ин кишварро фароҳам кунанд . Ҳимояти меҳвари муқовимат ба раҳбарии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳамчунин ҳимояти Русия сабаб шуд ҷанги террористӣ дар Сурия ба суқути низоми ин кишвар дар гоми аввал ва таҷзияи он дар гоми баъдӣ мунҷар нашавад .

Воқеъият ин аст, ки он чӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон ва муттаҳидони он дар минтақа ва ба хусус дар чаҳор кишвар Яман , Ироқ , Лубнону Сурия анҷом медиҳанд , сирфан дифо дар муқобили таҳоҷуми мукаррару мудовими Амрико ва муттаҳидони он алайҳи ин кишварҳо аст . агар таҳоҷуму ҷангталабии Амрико ва муттаҳидонаш тамом шавад ва асли ҳаққи таъини сарнавишт ба таври воқеӣ барои мардуми ин минтақа ва ба вижа ин чаҳор кишвар мади назар қарор гирад , Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ҳомии он хоҳад буд .