Сентябр 23, 2020 19:03 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи муҳими шоҳзодаи саудӣ дар бораи ҷанги Ироқ алайҳи Эрон

Шоҳзодаи саудӣ, ки кишвараш дар даврони чанги Ироқ алайҳи Эрон ҳамаҷониба аз диктатори Ироқ ҳимоят кард, гуфт шак надорам Саддом оғозгари ҷанг алайҳи Эрон буд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Расон ба нақл аз торнамоии шабакаи хабарии Ал-Олам, Раиси пешини Созмони иттилооти режими Саудӣ Туркии Ал-Файсал  дар гуфтугӯ бо рӯзномаи кувайтии Ал-Қабас дар посух ба ин савол, ки « бо тавваҷӯҳ ба таҳқиқоте, ки анҷом додаед чӣ касе оғозгари ҷанги Эрону Ироқ бӯд?»,  гуфт : « бидуни шак  оғозгари ҷанги Саддом  Ҳусейн буд.»
Файсал изҳор дошт : шиори Саддом  озодии Аҳвоз( Аҳвоз-маркази устони Хузистони Эрон ) ва Ал-Муҳаммара ( Хуррамшаҳр ) буд ва ӯ ҳеҷ гоҳ ин масаъларо пинҳон намекард ва ошкоро дар бораи он сухан мегуфт .
Изҳороти туркии Ал-Файсал нишон медиҳад Арабистони Саудӣ бо итилоъ аз таҷовузкор будани Саддом , бо ҳадафи нобуд кардани Ҷумҳурии исломии Эрон ба Ироқ кӯмак мекард .
Дар ҳашт  соли ҷанги таҳмилии режими диктатори собиқи Ироқ  алайҳи Эрон , Арабистони Саудиӣ кӯмакҳои молӣ , сиёсӣ , таслеҳотӣ ва иттилоотӣ дар ихтиёри Саддом қарор медод ба тавре, ки 30 миллиард доллар аз маҷмӯи 70 миллиард доллар  кӯмаки кишварҳои ҳавзаи  халиҷи Форс ба Саддом , саҳми Арабистон буд .
Малики Фаҳд  подшоҳи Арабистон дар замони ҳамлаи Ироқ ба Кувайт дар соли 1990 зимни эътироф ба кӯмакҳои Риёз ба Бағдод дар ҷанги алайҳи Эрон , Саддомро ба далели ҳамла ба Кувайт  носипос  хонд .