Амрико 2500 сарбози худро аз Ироқ хориҷ кард
(last modified Sun, 04 Oct 2020 09:57:16 GMT )
Октябр 04, 2020 14:57 Asia/Dushanbe
  • Амрико 2500 сарбози худро аз Ироқ хориҷ кард

Нахуствазири Ироқ аз хурӯҷи 2500 низомии Амрико аз он кишвар хабар дод.

Мустафо Ал Козимӣ, нахуствазири Ироқи шомгоҳи шанбе дар гуфтугӯ бо шабака “Ал Ироқия” гуфт, бар асоси тавофуқоти ҳосил аз гуфтугӯҳои роҳбурдии Бағдод бо Вашингтон, токунӯн Амрико 2500 сарбози худро аз Ироқ хориҷ кардааст.

Ал Козимӣ афзуд, хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз Ироқ идома хоҳад дошт.

Нахуствазири Ироқ 20 август дар садри ҳайате барои гуфтугӯи роҳбурдӣ бо мақомоти амрикоӣ ба Вашингтон рафт.

Мутобиқи ончӣ Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар ҳошияи дидор бо Ал Козимӣ эълом кард, дар ин ҷаласот тавофуқ шуд, ки Вашингтон дар се сол нерӯҳои худро аз Ироқ хориҷ кунад.

Ин тавофуқ бо интиқоди шадиди мақомот ва намояндагони Ироқ мувоҷеҳ шуд, зеро бисёре аз мардум ва гурӯҳҳои ироқӣ хоҳони хурӯҷи фаврии нерӯҳои террористи амрикоӣ аз Ироқ ҳастанд.

Порлумони Ироқ низ 5 январи 2020 тарҳе дар бораи хурӯҷи ин нерӯҳо тасвиб кардааст.