Октябр 13, 2020 09:42 Asia/Dushanbe
  • Мардуми Бағдод субҳашонро бо инфиҷор оғоз карданд
    Мардуми Бағдод субҳашонро бо инфиҷор оғоз карданд

Манобеи хабарӣ бомдоди шаби сешанбе аз вуқӯи як инфиҷор дар Бағдод, пойтахти Ироқ хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, манобеи хабарӣ эълом карданд, як бомба бо ҳадафи осеб расондан ба фурӯшгоҳе дар хиёбони "Салмон Фоиқ" дар минтақаи "Ал-Карода"-и Бағдод мунфаҷир шудааст.

Бар асари ин инфиҷор, як нафар захмӣ ва ба бемористон мунтақил шуд.

Гузориши бештаре дар бораи ҷузъиёти ин хабар ҳанӯз мунташир нашудааст.