Октябр 16, 2020 21:38 Asia/Dushanbe
  • Файсал бин Фарҳон оли Сауд
    Файсал бин Фарҳон оли Сауд

Вазири хориҷаи Арабистон панҷшанбешаб бори дигар ба такрори иттиҳомот ва иддаоҳои беасос алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон пардохт.

Файсал бин Фарҳон оли Сауд Ҷумҳурии исломии Эронро ба анҷоми рафторҳои мухарриб муттаҳам карду муддаӣ шуд, Эрон омили ҳамаи буҳронҳову мушкилоти минтақаву ҳатто ҷаҳон аст.

Вазири хориҷаи Саудӣ, ки эътилофи таҳти раҳбарии кишвараш панҷ солу ҳафт моҳ аст Яманро ҳадафи ҳамалоти сангин қарор дода, дар идома иддао кард, буҳрони Яман ба далели ҳимояти Эрон аз ҷумбиши Ансоруллоҳи Яман ба вуҷуд омадааст.

Мақомоти Арабистон,  аз ҷумла Файсал бин Фарҳон оли Сауд муддатҳост ҳамсӯ бо мақомоти амрикоӣ ва саҳюнистӣ, иддаоҳои дурӯғинеро алайҳи Эрон матраҳ мекунанд.

Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони яке аз аъзои аслии ҷабҳаи муқовимат, нақше асосӣ дар муқобила бо тавтеаҳову иқдомоти меҳвари амрикоӣ -саҳюнистӣ -саудӣ дар минтақа дорад.

Иттиҳомзании Файсал бин Фарҳон оли Сауд алайҳи Эрон дар ҳолест, ки Яман дар беш аз 5 соли гузашта омоҷи ҳамалоти ваҳшиёнаи эътилофи саудӣ - иморотӣ будааст.

Ҷангафрӯзии Арабистон, Иморот ва муттаҳидонашон дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз шонздаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

Таҷовузи низомии Арабистон ва Иморот ҳамчунин кишвари фақири Яманро бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва доруӣ мувоҷеҳ кардааст.

 

 

Барчасп