Ноябр 10, 2020 14:22 Asia/Dushanbe

Давлати Ироқ бо боз кардани бо боз кардани гудоли (чоҳи) марги Ал-Хасфа, макони дафни ҳазорон қурбонии ДИИШ ва рамзи ваҳшигарии гурӯҳи террористӣ, ҷинояти хунини ДИИШ-ро фош мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар гудоли Алхасфа  ҷасади ҳазорон ғайринизомиёни бегуноҳ, ки дар тӯли се соли ишғоли Мосул аз ҷониби ДИИШ кушта ва ё зинда партофта шуда буданд, дар чоҳи Ал-Хасфа, ки диаметри 50 метр ва ҳадди аққал 184 метр чуқуранд, дафн карда шуданд. 

 Шумори ҷасадҳои гудоли Ал-Хасфа то 10 ҳазор нафар бароварда шудааст

ДИИШ қурбониёнро чӣ гуна ба гудоли Ал-Хасфа меандохт?

"Саъд ал-Абдалӣ", узви кумитаи машваратии кобинаи Ироқ гуфтааст: "Эксгуматсияи чоҳи Ал-Хусфа талошҳои байналмилалиро талаб мекунад, зеро он бузургтарин ва хунинтарин қабри дастаҷамъии қурбониёни ДИИШ аст ва он то ҳол дар бораи умқи он ва шумораи ҷасадҳои ба он ҷо партофташуда гузорише дар даст нест."

 "ДИИШ ҷасадҳои қурбониёнро амудӣ партофтааст, ҳар дафъа дар якчанд гурӯҳ дар чоҳи Ал-Хусфа, ин боқимондаҳоро омехта ва фарқ кардани якдигарро душвор месозад, то ба оилаҳояшон баргардонида шаванд",- афзуд ӯ.

 Бархе шумори қурбониёни ДИИШ-ро, ки дар ин гудол дафн шудаанд то 10 ҳазор нафар баровардаанд.

ДИИШ бархе аз қурбониёни худро зинда ба гудол меандохт, дигаронро пас аз тирандозӣ ба гудол меандохт ё аҷсоди онҳоро наздик ба ин гудол овезон мекард то хӯроки ҳайвоноти ваҳшӣ шаванд.

Намоди ваҳшигарии ДИИШ

Чоҳи Ал-Хасфа дар шимоли Ироқ қабл аз ҳамлаи ДИИШ як манзараи табиӣ дар вилояти Нинава буд ва гуфта мешуд, ки бар асари суқути шаҳобсанг ( метеорит) ба замин дар ҳазорҳо сол пеш ба вуҷуд омадааст, аммо пас аз ҳамлаи ДИИШ ба рамзи қурбониёни гурӯҳи террористӣ табдил ёфтааст. Ва ҳамчун чоҳи марг шинохта шуд.

Мақомоти ироқӣ мегӯянд, ки шиносоии аҷсоди дафншуда дар ин гудол солҳо тул хоҳад кашид.

Хонаводаҳои қурбониёни ДИИШ дар Нинава борҳо аз давлати Ироқ даъват кардаанд, ки таҳқиқи чоҳи чуқурро оғоз кунад, то сарнавишти наздикони гумшудаи худро оғоз кунад.

Бештар бихонед:

Барчасп