Намояндаи ироқӣ: мусаввабаи ихроҷи низомиёни амрикоӣ бояд иҷро шавад
Узви Камиссиюни амният ва дифои порлумони Ироқ таъкид кард, фарқе намекунад, чӣ касе раиси ҷумҳури Амрико бошад, мусаввабаи ихроҷи низомиёни амрикоӣ аз Ироқ бояд иҷроӣ шавад.
Ба гузориши “Ал Маълума”, Котеъ Ал Рикобӣ, узви Камиссиюни амният ва дифои порлумони Ироқ гуфт, чӣ Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико бошад ва чӣ Ҷо Бойден, мусаввабаи хуруҷи низомиёни амрикоӣ лағв шуданӣ нест, зеро аз суи порлумони Ироқ тасвиб шуда ва лозим ба иҷро аст.
Ал Рикобӣ берунрондани низомиёни амрикоӣ аз Ироқро ирода ва хостаи мардуми ин кишвар донист ва афзуд, давлати Бағдод бояд барои ироаи ҷадвали замонбандии ихроҷи низомиёни амрикоӣ аз Ироқ вориди амал шавад.
Неруҳои ишғолгари Амрико аз чанд соли гузашта дар манотиқи мухталифи Ироқ мустуқур ҳастанд.
Мардуми Ироқ борҳо мухолифати худро бо ишғолгарии Амрико дар ин кишвар эълом кардаанд, порлумони Ироқ низ пештар бо судури мусаввабае бар лузуми хуруҷи неруҳои бегона аз хоки ин кишвар таъкид кардааст.
БЕШТАР БИХОНЕД:
Таъкиди порлумони Ироқ бар лузуми иҷрои мусаввабаи ихроҷи низомиёни амрикоӣ
Порлумони Ироқ: низомиёни амрикоӣ бояд аз Ироқ хориҷ шаванд