Ноябр 18, 2020 15:36 Asia/Dushanbe
  • Ҳайати Кибор-ул-Уламои Арабистон дар баёнияе гурӯҳи Ихвон-ул-муслиминро террористӣ хонд
    Ҳайати Кибор-ул-Уламои Арабистон дар баёнияе гурӯҳи Ихвон-ул-муслиминро террористӣ хонд

Ҳайати Кибор-ул -Уламои Арабистони Саудӣ дар баёнияе гурӯҳи Ихвонул-ул-муслиминро террористӣ хонд, ки аҳдофи ҳизбии худро думбол мекунанд. Ҳайати Кибор-ул-Уламои Арабистон Ихвон-ул-муслиминро ба тафриқа, фитна, хушунат ва терроризм муттаҳам кард.

Саволи муҳим ин аст, ки илали террористӣ хондани Ихвон-ул-муслимин аз сӯи ҳайати Кибор-ул-Уламои Арабистони чист? Муҳимтарин омил дар ин хусус ин аст, ки Арабистони Саудӣ ба Ихвон-ул-муслимин ба унвони як « рақиби мутахосим » менигарад. Ихвон-ул муслимин як созмони сиёсии решадор ва фаромиллӣ аст. Агарчӣ ин созмон дар Миср таъсис шуд, аммо шохаҳои мутаъаддиде дар кишварҳои арабӣ дорад. Бинобарин, Оли Сауд аз рушди Ихвон-ул-муслимин дар Арабистон ба таври хос ва дар кишварҳои арабӣ ба таври ом ҳарос дорад. 

Созмони арабии дорои тафаккур ва ғоя айни ҳол, Ихвон-ул-муслимин як созмони арабии дороии тафаккур ва идея аст. Оли Сауд, ки манёври зиёде бар қудрати мазҳабии худ медиҳад, Ихвон-ул-муслиминро ба лиҳози фикрӣ рақиби худ медонад. Рӯйкарди Оли Сауд ин аст,ки бо руқабо рақобат намекунад, балки дар ҷиҳати ҳазфи руқабо амал мекунад, ки Ихвон-ул-муслимин низ аз ҷумлаи руқабое аст, ки Оли Сауд дар ҷиҳати ҳазфу тазъифи он гом  бармедорад. Дар ҳамин росто, ҳукумати саъудӣ аввалин ҳукумат дар ҷаҳон буд, ки дар соли 2013 аз низои низомиён алайҳи давлати ихвонӣ Муҳаммад Мурсӣ ҳимоят ва дар идома низ дар марти 2014 Ихвон-ул-муслиминро дар феҳристи террористии худ қарор дод. Дарвоқеъ, Оли Сауд ҳар ҷараёни сиёсӣ ё мазҳабӣ, ки мавқеияти мазҳабӣ ва сиёсии онро дар ҷаҳони араб ба чолиш бикашад, таҳдиде барои худ медонад. Нуктаи муҳими дигаре, ки дар хусуси иқдоми ҳайати Кибор-ул-Уламо алайҳи Ихвон-ул-муслимин вуҷуд дорад, ин аст, ки ин иқдом пайванди миёни Оли Сауд ва  муфтиҳои ваҳобиро  собит мекунад.

Дар ҳамин росто низ "Абдулазиз ибни Абдуллоҳ Аш-Шайх", муфтии Арабистон ва раиси ҳайати Кибор-ул-Уламо дар изҳоре назари ҷадид эълом кард "Ихвон-ул-муслимин як фирқаи гумроҳ аст ва ҳеч иртиботе бо ислом надорад."

 

Ин изҳори назар ва пеш аз он низ баёнияи ҳайати Кибор-ул-муслимин собит мекунад ин ҳайат ва раиси он амалан муфтиҳои ҳукумате ҳастанд, ки дар ҷиҳати сиёсатҳои Оли Сауд гом бармедораду ҳар рӯз аз истиқлоли онҳо дар сохтори қудрати Арабистон коста мешавад. Мавзӯи муҳими дигар ин аст, ки режими Исроил аз иқдоми ҳайати Кибор-ул-Уламо дар террористӣ хондани Ихвон-ул-муслимин ҳимоят кард.

Дар ҳамин росто Алӣ Қарадоғӣ, дабири кулли иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусулмонон бо танқид аз иқдоми ҳайати Кибори Арабистон мавриди хушоянд ё пазириш дар ҷаҳони арабӣ ва исломӣ воқеъ нашуд, ҷуз аз сӯи режимисаҳюнистӣ, ки заминҳои арабҳо, мусулмонон Қудс ва Ал-Ақсоро ғасб кардааст.

 

Ин иқдом бори дигар пайванди Исроил бо Арабистони Саудиро собит мекунад. Дар айни ҳол, ин иқдом баёнгари ин аст, ки режими саҳюнистӣ талош мекунад Арабистони Саудиро низ ба тавофуқи сулҳ бо ин режим таҳрик кунад.

Бидуни тардид агар мувофиқати Арабистон набуд Баҳрайн, Иморот ва Судон дар ҷиҳати имзоии тавофуқи сулҳ бо режими саҳюнистӣ ҳаракат намекарданд.

Бо ин ҳол, Оли Сауд худ ҳанӯз чунин тавофуқеро ба далели табаъоте, ки барои мавуқеият ва ҷойгоҳи он дар ҷаҳони ислом дорад, имзо накарда ва акнун Исроил бо чунин ҳимоятҳое дар садад аст тардидҳои Оли Саудро аз байн бибарад. Нуктаи поёнӣ ин ки, Оли Сауд дар шароите Ихвон-ул-муслиминро ба ҳимоят аз тероризм муттаҳам мекунад, ки дар собиқаи ҳудуди 8 даҳае ихвон на танҳо ҳеч амалиёти террор, балки ҳатто ҳимоят аз тероризм низ дида намешавад. Ин дар ҳоле аст, ки Арабистон ба хусус дар як даҳаи ахир аз ҳомиёни аслии гурӯҳҳои террористӣ ба вижа дар Сурия будааст ва бархе аз ин гурӯҳҳо низ абзори сиёсати хориҷии Риёз ҳастанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп