Қадимитарин асири дунё дар куҷо зиндонӣ шудааст?
Ноябр 24, 2020 15:10 Asia/Dushanbe
Ноил ал-Барғусӣ чилу як сол аст, ки дар як ҳуҷраи маҳбаси саҳюнистӣ нигоҳ дошта мешавад ва дар як шабонарӯз танҳо ду соат офтобро мебинад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ал-Олам; даҳҳо фаластинӣ имрӯз ба манзури бузургдошти чилуякумин солгарди боздошти Ноил ал-Барғусӣ, қадимитарин асири дунё дар муқобили манзили вай ҷамъ шуданд.
Бисёре аз меҳмонони имрӯзи хонаи ӯ аз ҳамбандҳои ӯ дар давраи асорат ҳастанд.
Ал-Барғусӣ 18 сола буд, ки ба ҷурми муқовимат дар баробари ишғолгарони Моран ба дасти муздурони режими саҳюнистӣ боздошт шуд ва имрӯз 60 сола шудааст.
Ал-Барғусӣ қадимитарин асири ҷаҳон ба шумор меравад ва ҷаҳон ҳеч коре барои наҷоти ӯ намекунад.
Бештар бихонед:
Барчасп