Муқовимати асири фаластинӣ натиҷа дод
Моҳир Ал-Ахрас, асири фаластинӣ, ки бо гуруснанишинии тӯлонии худ, режими саҳюнистиро ба чолиш кашида буд, аз зиндон озод шуд.
Ба гузориши шабакаи Ал Маёдин, Моҳир Ал-Ахрас рӯзи панҷшанбе пас аз озодӣ аз зиндон вориди Каронаи Бохтарӣ шуд ва қарор аст нахуст ба бемористони Алнаҷоҳ дар Ноблус мунтақил шавад.
Моҳир Ал-Ахраси 49 сола аз 103 рӯз қабл дар эътироз ба ҳукми боздошти идории худ ва дигар асирони фаластинӣ, гуруснанишинӣ карда буд.
Дар ин муддат додгоҳҳои режими саҳюнистӣ бо вуҷуди ногувор шудани вазъияти саломатии Моҳир дархости ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқӣ, бо лағви боздошти идории ӯ мухолифат мекарданд.
Дар боздошти идорӣ, саҳюнистҳо фаластиниёнро бидуни тафҳими иттиҳом ва ба муддати номаълум дар боздошт нигоҳ медоранд.
Ҳудуди 4 ҳазору 800 асири фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ асир ҳастанд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Вокуниши Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ ба шаҳодати асири фаластинӣ / эътироз ва азодории асирон дар зиндонҳои Исроил
- Афзоиши хушунати Исроил алайҳи фаластиниҳо пас аз имзои тавофуқи созиш