СММ: ҳазорон яманӣ дар хатари марг ҳастанд
(last modified Sat, 12 Dec 2020 06:01:54 GMT )
Декабр 12, 2020 11:01 Asia/Dushanbe
  • Таҷовузи низомии Арабистон, Ямани фақирро бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ мувоҷеҳ кардааст
    Таҷовузи низомии Арабистон, Ямани фақирро бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ мувоҷеҳ кардааст

Созмони Милали Муттаҳид бори дигар ҳушдор дод, ки ҳазорон яманӣ дар гуруснагии шадиде басар мебаранд ва дар хатари марг ҳастанд.

Ба гузориши ИСНА, Mark Lowcock, муовини дабири кулли СММ дар умур инсонӣ гуфт: «қаҳтӣ дар Яман дар ҳоли густариш аст, зеро омори ҷадиде аз ноамнии ғизоии шадид дар кишваре, ки аз ҷангу мушкилоти иқтисодӣ ва беҳдоштӣ ранҷ мебарад, мунташир мешавад».

Барномаи ҷаҳонии ғизо низ пеш аз ин дар мавриди қаҳтии ҷадиду ба мухотира афтодани ҷони миллионҳо нафар аз мардуми Яман ҳушдор дода буд.

Комиссари Олии паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид ҳам эълом кард, садҳо ҳазорнафар аз оворагони яманӣ дар маърази хатари афзоиши ноамнии ғизоӣ ҳастанд, зеро ба далели тадовуми даргириҳо ва шуюи вируси корона маоши худро аз даст додаанд.

Арабистон‌‌ бо ҳимояти Амрико, Имороту чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Ҷангафрӯзии Арабистону муттаҳидонаш дар Яман токунӯн ба кушта шудани беш аз 16 ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафару оворагии миллионҳо тан аз мардуми ин кишвар мунҷар шудааст.

Таҷовузи низомии Арабистон, Ямани фақирро бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ мувоҷеҳ кардааст

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

  Ҳуҷуми мардуми Арабистон ба истгоҳҳои бензин пас аз ҳамлаи мушакии Яман