Ақибнишинии мақомоти Марокаш аз пазириши созиш бо режими саҳюнистӣ
-
Бурита: тавофуқ бо режими саҳюнистӣ ба маънеи оддисозии равобит нест
Вазири умури хориҷаи Марокаш дар ақибнишинии ошкор аз пазириши тавофуқи созишкорона бо режими саҳюнистӣ, муддаӣ шуд, тавофуқ бо ин режим ба маънеи оддисозии равобит нест.
Бурита (Bourita), вазири умури хориҷаи Марокаш дар мусоҳиба бо хабаргузории Спутник муддаӣ шуд, ин кишвар аз соли 2002 дафтари иртиботӣ бо Исроил доштааст ва бархе аз тасмимот, азсаргирии тамосҳо бо Исроилро эҷоб мекард ва ин оддисозии равобит нест.
Бурита ҳамчунин ба расмият шинохтани ҳокимияти Марокаш бар Саҳрои Бохтарӣ аз сӯи Амрикоро дар муқобили аз саргирии равобит бо Исроили рад кард.
Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбеи гузашта аз оддисозии равобит миёни Марокашу режими саҳюнистӣ хабар дод.
Вокуниши марокашиҳо ба хабари оддисозии равобити кишварашон бо Исроил
Корбарони фазои маҷозӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Марокаш бо роҳандозии ҳаштаги "Фаластин, ормони шарофат" зимни маҳкӯм кардани тасмими сарони ин кишвар барои оддисозии равобит бо Тел Авив ва таъкид карданд, ки шеваи Вашингтон ва режими саҳюнистӣ дар ҷазби кишварҳои арабӣ барои созиш гаравкашӣ аст.
Ҳамчунин мардуми Марокаш ахиран бо баргузории тазоҳуроте раванди оддисозии равобит бо режими Исроилро хиёнат ба Фаластин ва ханҷар задан ба ормони миллати ин сарзамин баршумурданд.
Пештар низ дар пайи фишорҳои Доналд Трамп барои оддисозии равобити режимҳои арабӣ бо режими саҳюнистӣ, Иморот, Баҳрайну Сӯдон бар сари оддисозии комили равобити дипломотӣ бо Исроил ба тавофуқ расида буданд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Марокаш Фаластинро ба чаҳор ҳавопаймои бесарнишин фурӯхт
- 200 олими исломӣ оддисозии равобит бо Тел Авивро ҳаром эълом карданд
- Оворагони фаластинӣ оддисозии равобит бо режими саҳюнистиро маҳкум карданд