Ифшогарии муовини вазири хориҷаи Сурия аз иртиботи Ғарб бо террористҳо
(last modified Sat, 12 Dec 2020 15:45:50 GMT )
Декабр 12, 2020 20:45 Asia/Dushanbe
  • Ифшогарии муовини вазири хориҷаи Сурия аз иртиботи Ғарб бо террористҳо
    Ифшогарии муовини вазири хориҷаи Сурия аз иртиботи Ғарб бо террористҳо

Муовини вазири хориҷаи Сурия ва намояндаи доимии ин кишвар дар СММ аз нақши Ғарб дар ҳимоят аз террористҳо парда бардошт ва аз Созмони мпнъи густариши силоҳи шимёӣ хост абзори сиёсии кишварҳои ғарбӣ нашавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, «Башшор Ҷаъфарӣ» дар нишасти Шӯроии Амнияти Созмони Милали Муттаҳид бо ёдоварии инки Сурия ба тамоми таъаҳҳудоти ношӣ аз илҳоқ ба конвенсияи силоҳҳои шимиёӣ дар соли 2013 амал кардаас , бар лузуми баста шудани парвандаи шимиёии ин кишвар ва ҳазфи он аз доираи бозиҳои сиёсӣ ва иттилооти ғалати расонаӣ таъкид кард.

Муовини вазири хориҷаи Сурия ҳамчунин хостори худдории созмони манъи силоҳи шимиёӣ аз сиёсӣ кардани моҳияти фаннии худ шуд, ки эътимоду эътибори онро тазъиф мекунад ва афзуд: созмони манъи силоҳи шимиёӣ ба абзоре дар як бозии гиополитикӣ ба раҳбарии Амрико ва муттаҳидонаш табдил шудааст.

Ал-Ҷаъфарӣ тасреҳ кард, кишварҳои ғарбӣ ба вижа Амрико бо истифодаи абзорӣ аз ин созмон, дар пайгирии барномаҳои сиёсии худ, тааҳҳудоташонро нақз кардаанд. Сурия аз силоҳи шимиёӣ истифода накардааст ва ҳамчунон мутааҳҳид ба ҳамкорӣ бо созмони манъи истифода, дабирхонаи фаннии он ва тими арзёбӣ барои ҳаллу фасли куллияи маворид барҷастааст то ин парванда дар асраи вақт баста шавад ва аз ҳалқаи бозиҳои сиёсӣ ва иттилооти ғалат хориҷ шавад.

Муовини вазири хориҷаи Сурия аз инки кишварҳои ғарбӣ бо вуҷуди ҳамкории Сурия бо созмони манъи истифода аз силоҳи шимиёӣ ва тими он, тасвири нодурусте дар мавриди ҳамкории Сурия бо тим арзёбӣ ироа медиҳанду ба таври амдӣ пешрафти ҳосилшударо барои боз нигаҳ доштани ин парванда, нодида меингоранд ибрози таассуф кард.

Намояндаи доимии Сурия дар СММ ба расвоии Голландия дар таъмини миллионҳо доллар барои ҳудуди 22 гурӯҳи террористӣ ишора кард ва гуфт кишварҳои ғарбӣ, ки ба дурӯғ иддао мекунанд нигарони мавриди мардуми Сурия ҳастанд, ҳамчунон аз созмонҳои террористии масъули ранҷи мардуми Сурия ҳимоят ва муҳофизат мекунанд .