Уламои Ироқ: шаҳид Сулаймонӣ ҳаргиз фаромӯш намешавад
Шуморе аз уламои Ироқ дар баёнияе эълом карданд: нақши вижаи Қосим Сулаймонӣ дар солҳои ҷанг бо аносури террористии ДИИШ ва пирӯзӣ бар ин гурӯҳи террористӣ ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, 99 нафар аз уламоии Ироқ ба муносибат фаро расидани аввалин солгарди шаҳодати сардор «Қосим Сулаймонӣ» фармондеҳи пешини нерӯии Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ ва «Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис» ҷонишини Созмони басиҷи мардумии Ироқ дар баёнияе аз талошҳои ҳамосӣ ва қаҳрамононаи сардорони шаҳид Қосим Сулаймонӣ ва Абӯмаҳдӣ Ал-Муҳандис таҷлил ва бар идомаи роҳашон таъкид карданд.
Дар ин баёния бар зарурати ҳимояти комил аз басиҷи мардумии Ироқ (Ҳашду Шаъбӣ ) ба унвони зомини ҳифзи амнияту ваҳдат дар ин кишвар ва ҳамчунин иҷрои мусаввабаи порлумон мабнӣ бар хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ таъкид шудааст.
Сардори сипаҳбуд «Қосим Сулаймонӣ » фармондеҳи нерӯи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ, ки ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, сеюми январ ба ҳамроҳи «Абӯмаҳдии Ал-Муҳандис» ва шуморе аз ҳамроҳонашон дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои террористи амрикоӣ наздики фурӯдгоҳи Бағдод ба шаҳодат расид.
Бештар бихонед: