Баргузории маросими нахустин солрӯзи шаҳодати сардорони муқовимат дар Бағдод
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i60460-Баргузории_маросими_нахустин_солрӯзи_шаҳодати_сардорони_муқовимат_дар_Бағдод
Ҳазорон нафар аз мардуми Ироқ бо таҷаммӯи густарда дар майдони "Ат-Таҳрир"-и Бағдод, маросими бошукӯҳеро ба муносибати нахустин солрӯзи шаҳодати сардори сипаҳбуд Қосим Сулаймонӣ ва шаҳид Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис баргузор карданд.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Январ 04, 2021 13:37 Asia/Dushanbe

Ҳазорон нафар аз мардуми Ироқ бо таҷаммӯи густарда дар майдони "Ат-Таҳрир"-и Бағдод, маросими бошукӯҳеро ба муносибати нахустин солрӯзи шаҳодати сардори сипаҳбуд Қосим Сулаймонӣ ва шаҳид Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис баргузор карданд.

Ба гузориши хабаргузории Эрон пресс, мардуми Ироқи рӯзи якшанбе дар ин маросим бо сар додани шиори «шаҳодату ҳокимият » бар идомаи роҳи шуҳадои муқовимат ва зарурати ихроҷи ишғолгарони амрикоӣ ва бозпас  гирифтани ҳокимияти Ироқ таъкид карданд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоии Ироқ низ тасовире аз постерҳои тарроҳӣ шуда бо шиори «шаҳодату ҳокимият»-ро ки дар манотиқи мухталифи ин кишвар насб шуда ва тасовире аз музаян шудани майдони Ат-Таҳрири Бағдод ба тасовири шаҳидон «Қосим Сулаймонӣ » ва « Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис мунташир карданд.

Шаҳрҳои мухталифи Ироқ аз як ҳафтаи пеш шоҳиди баргузории маросим, оинҳо ва ҳамоишҳои мухталиф барои гиромидошти нахустин солгарди шаҳодати фармондеҳони пирӯзӣ аст.
 
 
Бештар бихонед: