Январ 12, 2021 16:17 Asia/Dushanbe
  • Ҷинояткорони диишӣ се низомии ироқиро дар даруни мошин зинда-зинда сӯзониданд
    Ҷинояткорони диишӣ се низомии ироқиро дар даруни мошин зинда-зинда сӯзониданд

Террористҳои ДИИШ се низомии ироқии ғайримусаллаҳро зинда дар оташ сӯзонданд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, манобеи амниятии Ироқ эълом карданд, се низомӣ, ки яке аз онҳо афсари ироқӣ буд, савор бар мошини шахсӣ дар масири сафар аз Аррутба ҳ ба Аррамоди буданд, ки террористҳои ДИИШ бо эҷоди исти бозрасии сохтагӣ дар миёнаи роҳ ононро мутаваққиф карданд.

Ҷинояткорони диишӣ сипас ононро дар даруни мошин ба оташ кашиданд ва зинда - зинда сӯзониданд.

ДИИШ дар соли 2014 ҳангоме ки аз Сурия ба ғарби Ироқ ҳамлавар шуд ва шаҳрҳои бузурге монанди Мавсилро ба тасарруфи худ даровард, сархати ахбори ҷаҳониро ба худ ихтисос дод.

Онҳо тақрибан дар наздикиҳои Бағдод эҷоди хилофатро эълом карданд ва даст ба ҷиноятҳои густардаву фоҷеабор алайҳи миллати Ироқ заданд.

Дар ниҳоят ин гурӯҳ бо муқовимати мардуми Ироқ ва ҳамкории бархе кишварҳои минтақа, ба вижа Эрон дар соли 2018 дар Ироқ шикаст хурд ва сардор шаҳид Қосими Сулаймонӣ дар ин сол поёни ҳаёти ДИИШ - ро дар Ироқ эълом кард.

Дар пайи шаҳодати сардор Сулаймонӣ дар моҳҳои ахир таҳаррукоти парокандае аз ин гурӯҳи такфирии террористӣ дар манотиқе аз Ироқ ба чашм мехурад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп