Бин Салмон ба дунболи ёфтани арбоби нав
(last modified Mon, 18 Jan 2021 12:13:12 GMT )
Январ 18, 2021 17:13 Asia/Dushanbe
  • Бо рафтани Трамп, Муҳаммад бин Салмон - валиаҳди Арабистон ба дунболи ҷалби ҳимояти Байден аст
    Бо рафтани Трамп, Муҳаммад бин Салмон - валиаҳди Арабистон ба дунболи ҷалби ҳимояти Байден аст

Бо рафтани Трамп аз Кохи Сафед ва рӯйи кор омадани демократҳо дар Амрико, валиаҳди Арабистон дар талош барои ҷалби ҳимояти Байден бо миёнаравии раиси ҷумҳурии Фаронса аст.

Ба гузориши торнамои шабакаи “Алолам”, расонаҳо дар ҳоле аз тамоси телефонии валиаҳди режими саудӣ бо раиси ҷумҳурии Фаронса хабар доданд, ки дар бораи ҷузиёти ин гуфтугӯ гузориши расмӣ мунташир нашуд, аммо бархе манобеъ эълом кардаанд, Муҳаммад бин Салмон дар ин гуфтугӯ зимни ибрози нигаронӣ аз вазъияти ояндаи худ бо тавваҷуҳ ба рӯйи кор омадани демократҳо дар Амрико, аз Макрон хостааст то дар ивази дарёфти бархе имтиёзҳо, миёни тими ӯ ва Байден восита шавад.

Бин Салмон ҳамчунин хостори афзоиши фишорҳои Порис бар Теҳрон шудааст.

Валиаҳди саудӣ, ки бо шикасти Доналд Трамп дар интихоботи ахир аз як сӯ ва эҳтимоли бисёр зиёди ҳазфи Бенёмин Натанёҳу аз раъси ҳирами қудрат дар режими саҳюнистӣ аз сӯйи дигар, ҳомиёни аслии худро аз даст рафта мебинад, тамоми талоши худро ба кор гирифта то монеи иртиботи оппозитсияи дохилии Арабистон бо тими Байден шуд.

Гуфта мешавад, Бин Салмон ба Макрон ваъда додааст, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 2022 Фаронса аз корзори интихоботии ӯ дар баробари рақиби сарсахташ Марин Ле Пен ҳимояти молӣ кунад.

Бин Салмон ҳамчунин ба Макрон қавл додааст, тамоми имконоти худро барои такмили барномаҳои ӯ дар Лубнон ба кор гирад ва ба ҳар шакли мумкин аз ташкили давлате ҳамсӯ бо ҷараёни муқовимат ва Ҳизбуллоҳ дар ин кишвар ҷилавгирӣ кунад.

Бештар бихонед: