Январ 19, 2021 12:19 Asia/Dushanbe
  • Нишонаҳои тағйир дар сиёсати Арабистони Саудӣ
    Нишонаҳои тағйир дар сиёсати Арабистони Саудӣ

Бо поёни раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп дар Амрико, нишонаҳои тағйир дар сиёсати минтақаии Арабистони Саудӣ низ ошкор шудааст.

Арабистон Саудӣ бо сарфи ҳазинаҳои сангин талош кард, аз корти давлати Трамп дар сиёсати минтақаии худ баҳра гирад. Агарчӣ ҷанг алайҳи Яман дар давраи Барак Абама оғоз шуд, аммо давлати Трамп чашм ба рӯйи ҳамаи мавориди шадиди нақзи ҳуқуқи башар тавассути Арабистон дар Яман баст ва давлати Риёз ба ин ҷанг бо хаёле осудатар идома дод.

Давлати Арабистон танҳо 6 моҳ пас аз рӯйи кор омадани Доналд Трамп, бо давлати Қатар дучори таниш шуд ва бо ҳадафи эъмоли фишор барои тағйири сиёсати хориҷии ин кишвар, равобит бо Доҳаро ба ҳамроҳи се кишвари Миср, Баҳрайн ва Иморот қатъ кард ва Қатарро таҳти муҳосира қарор дод.

Таниши Арабистон бо Ҷумҳурии исломии Эрон низ дар давраи Барак Абама ва пас аз эъдоми шайх Нимр Боқир Аннимр оғоз шуд, аммо Риёз бозигардони аслии фишори ҳаддиаксарии давлати Трамп алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон буд. Дар ин давра равобити Риёз бо Теҳрон ба таври комил аз рақобати хориҷ ва ба самти хусумат тағйир пайдо кард.

Арабистон дар давраи Трамп

Арабистон дар давраи Трамп бо давлати Туркия низ дучори таниш шуд. Ин таниш дар се мавзӯи фишор бар Қатар, террористӣ хондани Ихвонулмуслимин ва қатли фоҷеабори Ҷамоли Хошуқҷи дар Истанбули Туркия буд ва сабаби фосила гирифтани Риёз ва Анкара шуд.

Инҳо чолишҳои муҳими сиёсати хориҷии Арабистон дар 4 соли гузашта буд, ки давлати Риёз бо пуштвонаи ҳимояти давлати Трамп ҳаросу нигаронии чандоне аз таниш дар равобит бо дигар кишварҳову қудратҳои минтақа надошт. Акнун бо поёни давлати Трамп, ба назар мерасад нишонаҳои ҷадиде дар сиёсати хориҷии Арабистон вуҷуд дорад, ки баёнгари тағйири эҳтимолии сиёсати минтақаии Риёз аст.

Иброҳими Муттақӣ, устоди донишгоҳ бар ин бовар аст, ки Арабистони Саудӣ дар садад аст аз чолишҳои сиёсати хориҷии худ бикоҳад, зеро бовар дорад давлати Ҷо Байден монанди давлати Трамп барга ё чеки сафеде барои сиёсати хориҷии пуртаниши Риёз нахоҳад буд ва масоили ҳуқуқи башариву меъёрҳои дохилии Арабистон дар давлати ҷадиди Амрико барҷаста хоҳад шуд.

Давлати Арабистон дар гоми нахусти тағироти иҷборӣ дар сиёсати хориҷии худ ба самти ҳалли таниш бо Қатар ҳаракат кард, зеро агарчӣ поёни таниш бо Қатар ҳамроҳ бо шикасти Риёз буд, аммо ҳалли таниш бо Доҳа барои Риёз камҳазинатар аз буҳрони Яман ва таниш бо Туркияву Эрон буд. Қатар кишваре арабӣ ва ҳамсояи Арабистон аст.

Ба назар мерасад давлати Риёз барои ҳалли таниш бо Туркия низ пешгом шудааст. Қатар равобити наздике бо Туркия дорад ва пешниҳоди миёнҷигарӣ миёни Риёзу Анкараро матраҳ кард, пешниҳоде ки зоҳиран бо истиқболи ҳар ду кишвар ҳамроҳ шуд. Бинобарин, метавон интизор дошт Арабистон бо Туркия низ барои ҳалли танишҳои дуҷониба музокира кунад.

Дар сурате ки чунин иттифоқе рух диҳад, боз ҳам ин Арабистон аст, ки аз мавозеи худ дар қиболи Туркия кӯтоҳ меояд, зеро Риёз хостори хуруҷи Туркия аз Қатар буд, ки ин иттифоқ наафтод ва ҳамчунин Риёз хостори ҳимоят накардани Анкара аз Ихвонулмуслимин буд ва ин низ аз ҷумла дар Либия рух надодааст.

Пёни ҷанг бо Яман ва музокира бо Эрон: ду чолиши пешорӯи Арабистон

 Ду чолиши дигар дар сиёсати хориҷии Арабистон вуҷуд дорад, ки ҳанӯз нишонае дар хусуси поён додан ба он вуҷуд надорад, аммо имконпазирии ҳалли ин чолишҳо ба маротиб бештар аз замони давлати Трамп аст. Ҳанӯз нишонае дол бар тамоюли Арабистон барои поён додан ба ҷанг бо Яман ва ҳамчунин эҳёи равобит бо Ҷумҳурии исломии Эрон вуҷуд надорад, аммо ахиран Файсал бин Фарҳон, вазири хориҷаи Арабистон ба Маскав сафар ва бо Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия низ дидору гуфтугӯ кард. Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки вазири хориҷаи Арабистон дар ин сафар ҳомили паёме барои Ҷумҳурии исломии Эрон буда бошад. Ҳамчунин ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки Русия барои миёнҷигарӣ миёни Риёз ва Теҳрон эъломи омодагӣ карда бошад.

Маҷмӯи ин таҳаввулот беш аз ҳар чизе гӯёи ин аст, ки сиёсати хориҷии Арабистон вобастагии зиёде ба мавқеияти бозигари берунӣ, яъне Амрико дорад ва аз усули собиту пойдоре пайравӣ намекунад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп