Январ 20, 2021 13:33 Asia/Dushanbe
  • интихоботи порлумонии Ироқ
    интихоботи порлумонии Ироқ

Камиссиюни баргузории интихоботи Ироқ хостори таъвиқи 4 моҳаи интихобот ба октябри 2021 шудааст.

Қарор буд интихоботи зудҳангоми порлумонии Ироқ 6 июни 2021 баргузор шавад. Ҳануз давлати Ироқ назари ниҳоии худро дар бораи таъвиқи интихобот то моҳи октябри оянда эълом накардааст.

Дар миёни гурӯҳҳои сиёсии ироқӣ иҷмоъе дар хусӯси таъвиқ ё баргузории интихобот дар июни оянда вуҷӯд надорад. Эътилофи  Ал Фатҳ бо таъвиқи интихобот мухолифат кардааст. Далели мухолифати Ал Фатҳ ин аст, ки таъвиқи интихобот хилофи тавофуқи давлат бо фраксюнҳои сиёсӣ мабнӣ бар баргузории интихобот то як сол пас аз ташкили давлат аст. Дар воқеъ, яке аз шурӯте, ки Мустафо Ал Козимӣ дар ҷаласаи раъйи эътимоди худ пазируфта, баргузории интихоботи зудҳангоми порлумонӣ як сол пас аз ташкил кобина аст.

Эътилофи нерӯҳои ироқӣ ба раҳбарии Муҳаммад ал Ҳалбусӣ (Mohamed al-Halbousi), раиси порлумон, ки эътилофе бо меҳварияти аҳли суннати Ироқ аст низ бо таъвиқи интихобот мухолифат кард. Ин эътилоф низ далели мухолифати худро нодида гирифтани давлат ба тавофуқ бо гурӯҳҳои сиёсӣ эълом ва ҳамчунин унвон кард, ки нигарон аст, интихобот ҳатто дар октябри оянда низ баргузор нашавад. Дар воқеъ, эътилофи таҳти раҳбарии Муҳаммад Ал Ҳалбусӣ талвеҳан бар ин бовар аст, ки давлат иродае барои баргузории интихоботи порлумонӣ надорад.

Дар ҳоле, ки ҷараёни Садр мавзеи шаффофе дар хусӯси таъвиқи интихобот нагирифта, ҷараёни Ҳикмат ба раҳбарии Амор Ал Ҳаким бо таъвиқи он мувофиқат кардааст. Мувофиқати ин ҷараён бо таъвиқи интихобот ду далел дорад. Далели нахуст ин аст, ки ба назар мерасад, Амор Ал Ҳаким ва ҷараёни Ҳикмат дар интихоботи порлумонии оянда бо Мустафо Ал Козимӣ ва муттаҳидони вай эътилоф хоҳанд кард. Бинобар ин акнӯн низ аз назари давлат барои таъвиқи интихобот ҳимоят карданд. Далели дувум ин аст, ки ҷараёни Ҳикмат муътақид аст, дар як соли ахир гурӯҳҳои сиёсии ҷадиде шакл гирифтаанд, ки замони як сол барои шинохта шудани ин ҷараёнҳо андак аст ва таъвиқи интихобот метавонад фурсате барои ин ҷараёнҳои ҷадид бошад.

Нуктаи ҳоизи аҳаммият ин аст, ки гурӯҳҳои сиёсии курд токунӯн мавзеи мушаххасе дар бораи баргузорӣ ё таъвиқи интихобот надоштаанд. Бархе гурӯҳҳои аслии аҳли суннат низ дар ин хусӯс сукӯт кардаанд. Бинобар ин бо вуҷӯди инки Камиссиюни интихобот хостори таъвиқи 4 моҳаи интихоботи зудҳангоми порлумонӣ шудаанд, иҷмоъе миёни гурӯҳҳои аслӣ ва бузурги сиёсии Ироқ вуҷӯд надорад.

Аммо чаро раванди ҳаракате ба гӯнае аст, ки эҳтимоли пазириши дархости Камиссиюни интихобот барои таъвиқи интихобот аз сӯи давлат вуҷӯд дорад?

Далели нахуст ин аст, ки ба лиҳози молӣ ва фаннӣ баргузории интихоботи порлумонӣ дар июни оянда сахт аст, зеро Ироқ бо мушкилоти молии зиёде мувоҷеҳ аст, мушкилоте, ки дар рӯзҳои ахир бори дигар сабаби баргузории тазоҳуроти зиддидалатӣ дар эътироз ба мушкилоти иқтисодӣ шуд.

Далели дигар, ки аз сӯи Камиссиюни интихобот матраҳ шуда ин аст, ки бо тавваҷуҳ ба поёни муддати таъйин шуда барои сабти номи эътилофҳои сиёсӣ, шумори каме аз эътилофҳо барои ширкат дар интихоботи сабти ном кардаанд. Тамдиди муҳлати сабти номи эътилофҳо барои ширкат дар интихобот низ бар дигар фароянди баргузории интихобот таъсир мегузорад.

Бо тавваҷуҳ ба ин далоил, бархе аз шахсиятҳои ироқӣ муътақид ҳастанд, давлатииродае барои баргузории интихобот аз худ нишон надодааст. Дар ҳамин росто Муҳаммад Ал Балдовӣ, намояндаи эътилофи Ал Фатҳ дар порлумони Ироқ гуфт, давлат ҳеч  гомеро барои инки камиссиюн баргузории интихобот битавонад, интихоботро дар 6 июн баргузор кунад, барнадошта аст.

Нуктаи поёнӣ инки дар даруни порлумони Ироқ низ бархе гурӯҳҳо бо инҳилоли порлумон ва баргузории интихобот дар июни оянда мухолиф ҳастанд.

 

БЕШТАР  БИХОНЕД:

 

Барчасп