Шашумин корвони низомии Амрико дар Ироқ ҳадаф қарор гирифт
Расонаҳои ироқӣ аз ҳадаф қарор гирифтани шашумин корвони низомии низомиёни Амрико дар ғарби Ироқ хабар доданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, канали хабарии « Собирин » ҷумъашаб гузориш дод, ки як корвони тадорукотии мутаъаллиқ ба низомиёни амрикоӣ дар устони Салоҳуддини Ироқ ( дар маркази ин кишвар ) ҳадаф қарор гирифта ва хисоратҳое ба он ворид шудааст.
Расонаҳои ироқӣ рӯзи ҷумъа аз панҷ ҳамла ба корвонҳои низомии Амрико дар устонҳои мухталифи Ироқ хабар додаанд, ки дар навъи худ бесобиқа аст.
Корвонҳо ва пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ироқ дар моҳҳои ахир борҳо ҳадаф қарор гирифтаанд.
Бисёре аз мардуму гурӯҳҳои ироқӣ хоҳони хурӯҷи нерӯҳои террористи Амрико аз Ироқ ҳастанд ва порлумони ин кишвар низ тарҳе дар бораи хурӯҷи ин нерӯҳо тасвиб карда аст.
Бештар бихонед:
- Ҳамла ба корвони нерӯҳои вобаста ба Амрико дар ҷануби Ироқ
- Гурӯҳи «Қосим Ал Ҷабборин» масъуляти ҳамла ба корвонҳои амрикоиро дар Ироқ бар ӯҳда гирифт
- Таъкиди артиши Ироқ бар хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз кишвар