Январ 25, 2021 13:27 Asia/Dushanbe
  • Таҳаррукоти ахири ДИИШ дар Ироқ билофосила пас аз рӯй кор омадани Ҷо Байден анҷом шудааст
    Таҳаррукоти ахири ДИИШ дар Ироқ билофосила пас аз рӯй кор омадани Ҷо Байден анҷом шудааст

Бозмондаҳои ДИИШ 23 январ ба мақари “Ал-Ҳашду Шаъбӣ” дар устони Салоҳиддини Ироқ ҳамла карданд ва 11 тан аз нерӯҳои Шаъбиро ба шаҳодат расонданд ва 8 нафарро ҳам захмӣ карданд.

Панҷшанбеи гузашта низ дар маркази Бағдод, пойтахти Ироқ инфиҷоре рух дод, ки 35 кушта ва 110 захмӣ дошта ва гурӯҳи террористии ДИИШ масъӯлияти ин инфиҷорро бар ӯҳда гирифт.

Аввалин нукта ин аст, ки инфиҷори Бағдод ва даргирии бозмондаҳои ДИИШ бо Ҳашду Шаъбӣ дар Салоҳиддин билофосила пас аз рӯи кор омадани Ҷо Байден дар Иёлоти муттаҳидаи Амрико иттифоқ афтодааст. Ин рухдодҳо ба навъе як паём ба Иёлоти муттаҳида Амрико аст мабни бар инки Ироқ ба лиҳози амниятӣ бо хала мувоҷеҳ аст ва низомиёни Иёлоти муттаҳидаи Амрико бояд дар хоки Ироқ боқӣ бимонанд.

Парлумони Ироқ 5 январи соли гузашта ва пас аз террори сардорони муқовимат тавассути давлати террористии Иёлоти муттаҳидаи Амрико тарҳи хурӯҷи нерӯҳои низомии Амрико аз Ироқро тасвиб кардааст. Бо вуҷӯди инки як сол аз ин тарҳ мегузарад, аммо беш аз ҳама ин тарҳ даргири ихтилофоти сиёсӣ дар даруни Ироқ буд.

Бархе аз гурӯҳҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои муқовимати Ироқ бар хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз ин кишвар таъкид доранд, Аммо бархе аз гурӯҳҳо ва шахсиятҳои сиёсӣ, ки аз қазо дар баданаи давлат низ ҳузур доранд, хостори тадовуми ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ ҳастанд. Баназар мерасад ин иқдомоте, ки ДИИШ акнӯн дар Ироқ анҷом медиҳад, талош барои боқӣ нигаҳ доштани низомиёни амрикоӣ дар Ироқ ва маскут гузоштани тарҳи порлумон аст.

Дар ҳамин росто, Фуод Ҳусайн, вазири хориҷаи Ироқ дар суханоне эълом кард, мо аз давлати ҷадиди Амрико хоҳем хост, ки ба нишастҳои марбӯт ба гуфтугӯҳои роҳбурдӣ идома дода ва тими музокиракунандаи ҷадидеро дар бораи ҳузури низомиёни амрикоӣ муаррифӣ кунанд.

Мавзӯи дигар ин аст, ки асноди мутаъаддиде вуҷӯд дорад мабнӣ бар инки Амрико ҳазорон нафар аз афроди ДИИШ-ро аз Сурия вориди Ироқ кардааст то зарурати ҳифзи низомиёни амрикоӣ беш аз гузашта дарк шавад.

Сабоҳ ал Акилӣ, коршиноси амниятии Ироқ, дар ин хусӯс гуфт: «иттилооти таъйид шудае дорем, ки нишон медиҳад корвонҳои низомии Амрико 4 ҳазор ДИИШ-ро аз хоки Сурия вориди Ироқ кардаанд ва иҷозаи бозрасӣ ва тафтиши ин корвонҳои низомии амрикоӣ ба нерӯҳои ироқӣ дода наме‌шавад.»

Баназар мерасад, афроде, ки вориди Ироқ шудаанд акнӯн муҷрии амалиёти интиҳорӣ ва даргирӣ бо Ҳашду Шаъбӣ ҳастанд.

Нуктаи дигар ин аст, ки пас аз инфиҷори рӯзи панҷшанбеи Бағдод, тамаркузи давлат ва ҳамчунин бахше аз нерӯҳои амниятии Ироқ бар ҳифзи амнияти пойтахти Ироқ қарор гирифт. Ба ҳамин далел, бозмондаҳои ДИИШ фурсати ҳамла ба Ҳашду Шаъбиро дар дигар манотиқи Ироқ пайдо карданд.

Агарчӣ созмони ДИИШ дар Ироқ аз байн рафтааст, аммо таҳаррукоти рӯзҳои ахир нишон дод, ҳастаҳои хуфтаи ДИИШ ҳанӯз дар Ироқ вуҷӯд доранд. Агарчӣ имкони эҷоди ДИИШ монанди соли 2014 андак аст, аммо пайванди бозмондаҳои ДИИШ бо бархе гурӯҳҳои душман, ҳимояти бархе кишварҳои хориҷӣ аз бозмондаҳои ДИИШ ва ҳамчунин тадовуми бесуботии сиёсӣ дар Ироқ сабаб мешавад, шароит барои «бозпадоӣ»-и таҳаррукоти ДИИШ дар Ироқ фароҳам шавад.

Нуктаи поёнӣ инки тақобули ахири нерӯҳои Ҳашду Шаъбӣ бо дииш-иҳо бори дигар собит кард, ки нерӯҳои Ҳашду Шаъбӣ бо вуҷӯди инки таҳти фишори хориҷӣ ва ба хусӯси Амрико қарор доранд, аммо ҳамчунон дар ҳифзи тамомияти арзӣ ва амнияти мардуми Ироқ пешгом ҳастанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Барчасп