Октябр 17, 2016 15:55 Asia/Dushanbe
  • Лағви ҳукми зиндони Шайх Алӣ Салмон, рӯҳонии мухолифи баҳрайнӣ

Додгоҳи Баҳрайн маҳкумияти зиндони шайх Алӣ Салмон, фаъоли сиёсӣ ва дабири кулли ҷамъияти "Алвифоқ"-и ин кишварро лағв кард.

Ба иттилои хабаргузории Форс, додгоҳи фарҷоми Баҳрайн ҳукми зиндони Шайх Алӣ Салмон, дабири кулли ҷамъияти "Алвифоқ", бузургтарин ҷамъияти муоризи ин кишварро лағв кард ва парвандаро бори дигар ба додгоҳи таҷдиди назар ирҷоъ дод .

Шайх Салмон дар 28-и декабри 2014 боздошт шуд ва дар 16-и июни 2015 додгоҳи ҷиноии ин кишвар ҳукм ба бароати шайх Алӣ Салмон аз иттиҳоми талош барои барандозии низом бо тавассул ба зӯр дод .

Дар айни ҳол ин додгоҳ Шайх Салмонро ба иттиҳоми таҳрик ба хушунатҳои як тоифаи  хос ва иҳонат ба вазири кишвар ва пойбанд набудан ба қонун ба 4 соли зиндон маҳкум кард, ки ин ҳукм моҳи майи гузашта дар додгоҳи таҷдиди назари Баҳрайн ба 9 сол афзоиш ёфт .