Феврал 01, 2021 19:11 Asia/Dushanbe
  • 32-умин ҳафтаи эътирозоти сокинони сарзаминҳои ишғолӣ алайҳи Натаняҳу
    32-умин ҳафтаи эътирозоти сокинони сарзаминҳои ишғолӣ алайҳи Натаняҳу

Сокинони сарзаминҳои ишғолӣ барои 32-умин ҳафтаи пай дар пай алайҳи Бенямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ тазоҳурот баргузор карданд.

Тазоҳурот дар сарзаминҳои ишғолӣ аз моҳи майи 2020 оғоз шуд. Решаи аввалияи тазоҳурот, эътироз ба фасоди Натаняҳу ва норизоятии мардум аз ташкили кобинаи эътилофӣ буд. Бенямин Натаняҳу даргири 4 парвандаи фасоди молӣ аст. Натаняҳу ҳамсараш Соро дар парвандаи мавсӯм ба «1000» ба дарёфти ҳадяҳои гаронқиммат, аз ҷумла сигаретҳои гаронқиммат муттаҳам ҳастанд. Натаняҳу дар парвандаи мавсӯм ба «2000» низ ба музокира ва тавофуқ бо Arnon Mozes, ношири рӯзномаи «Yedioth Ahronoth» барои пӯшиши ахборе ҷонибдорона аз вай дар муқобили эъмоли маҳдӯдият алайҳи рӯзномаи «Исроили ал Явм», ки рақиби ин рӯзнома аст, муттаҳам шуд.

Парвандаим мавсӯм ба «3000» низ марбут ба хариди зердарёӣ аз Олмон дар муқобил дарёфти ришва аст ва парвандаи мавсӯм ба «4000» низ марбӯт ба тахаллуфоте дар вазорати иртиботот ва ширкати «Bezeq» аст, ки дар ин ду парванда низ пойи нахуствазири режими саҳюнистӣ вуҷӯд дорад. Натаняҳу борҳо талош кард бо истифода аз нуфӯзи зиёде, ки дар сохтори қудрати Исроил дорад, монеъи расидагии одилона ба парвандаҳои фасоди худ шавад ва токунӯн низ дар пайгирии ин ҳадаф муваффақ буд. Бо ин ҳол, мардум дар сарзаминҳои ишғолӣ бо баргузории тазоҳуроти мудовим ва ҳафтагӣ ба коршикании Натаняҳу дар пайгирии қазоии парвандаҳои фасоди вай муътариз ҳастанд ва бар ин боваранд Натаняҳу аз шуюъи корона ба унвони баҳонае барои таъхир дар додгоҳи расидагӣ ба фасоди молии худ сӯиистифода мекунад.

Ташкили кобинаи эътилофӣ миёни Натаняҳу ва Benny Gantz, раиси Ҳизби обӣ ва сафед, ки акнӯн вазири ҷанги Исроил аст низ ба омиле барои шаклгирӣ ва тадовуми тазоҳурот табдил шуд. Акнӯн дар ҳоле, ки порлумон барои бори чаҳорум мунҳал ва муқарар шуд, интихоботи чаҳоруми порлумонӣ дар марти оянда баргузор шавад, мардум бо баргузории тазоҳурот, хостори барканории Натаняҳу ва мушорикат накардани вай дар сохтори қудрати оянда ҳастанд.

Нотавтонии кобинаи Натаняҳу дар муқобила бо вируси корана

Шуюъи густардаи корона ва нотавонии кобинаи Натаняҳу дар муқобила бо ин вирус ва ҳамчунин таътилиҳои мукаррар ва карантинаҳҳои саросарӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ низ сабаби афзоиши мушкилоти иқтисодии мардум ва шиддат гирифтани норизоятии онҳо аз кобинаи кунунӣ шуд. Бар ин асос, мардум дар сарзаминҳои ишғолӣ ҳамчунон ба тазоҳуроти худ зидди Бенямин Натаняҳу идома медиҳанд ва бар барканории вай аз қудрат таъкид доранд.

Аммо Натаняҳу баҳрагирӣ аз сиёсати хориҷӣ ва ба навъе бе таваҷҷӯҳӣ ба мутолиботи муътаризонро дар дастури кор қарор дод. Натаняҳу ва бархе аз аъзои кобинаи вай, ки аз раёсатҷумҳурии Ҷо Байден дар Амрико норозӣ ҳастанд, талош мекунанд давлати ҷадиди Амрикоро барои пайгирӣ кардани сиёсати давлати Доналд Трамп ба хусӯс дар мавзӯи БарҶом мутақоъид кунанд. Дар ҳамин росто, Бенямин Натаняҳу ба Ҷо Байден, раисиҷумҳурии Амрико ҳушдор дод, ки ба тавофуқи ҳастаии соли 2015 бо Эрон бознагардад.

Илова бар ин, бархе аз аъзои кобинаи Натаняҳу низ бар табли ҷанг мекӯбанд ва ба ҷои тавваҷуҳ ба чолишҳои мутаъаддид ва мукаррари дохилӣ, ба таҳдид алайҳи Эрон рӯй оварданд.

Дар ҳамин росто, Aviv Kochavi, раиси Ситоди артиш гуфт, артиш дар ҳол ба рӯзрасонӣ ва иртиқои барномаҳои амалиётӣ худ аст то дар сӯрати тасмими Исроил барои ҳамла ба таъсисоти ҳастаии Эрон, омодагии лозимро дошта бошад.

Kochavi ҳамчунин афзуд, бозгашти ҷомеъаи байналмилалӣ ба тавофуқи ҳастаии соли 2015 бо Эрон, ҳатто агар ин тавофуқ ислоҳ шавад, тасмиме иштибоҳ аст.

Агарчӣ тамаркуз бар фишор ба давлати ҷадиди Амрико ва таҳдидофаринӣ алайҳи Эрон аз авлавиятҳои кобинаи Натаняҳу аст, аммо мунҳариф кардани афкори умумии дохилии сарзаминҳои ишғолиро низ пайгирӣ мекунад, мавзӯе, ки наметавонад ба коҳиши фишор алайҳи Натаняҳу ва таваққуфи эътирозҳо мунҷар шавад.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп