Феврал 06, 2021 19:36 Asia/Dushanbe
  • Ҷасади 104 қурбонии ДИИШ дар Ироқ дар як маросими вижа дар Синҷор дафн карда шуд
    Ҷасади 104 қурбонии ДИИШ дар Ироқ дар як маросими вижа дар Синҷор дафн карда шуд

Ҷасади 104 қурбонии язидиёни гурӯҳи террористии ДИИШ, ки шахсияти онҳо пас аз боз шудани қабрҳои дастаҷамъӣ дар Ироқ муайян карда шуд, дар вилояти Найнавои ин кишвар дафн карда шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, пайкарҳои ин 104 қурбонии гурӯҳи террористии ДИИШ дар маросими вижае бо ҳузури мақомоти ироқӣ ва намояндаи вижаи дабири кулли Созмони милал дар Ироқ ва раиси тими таҳқиқоти Созмони милал бадарға ва дар деҳаи " Коҷо " дар минтақаи Синҷар воқеъ дар устони Найнавои Ироқ дафн шуд. 

Гурӯҳи террористии террористии ДИИШ дар даврони сайтараи худ бар як сеюми хоки Ироқ палидтарин ҷиноёту кушторро алайҳи мардуми ин кишвар, аз ҷумла ақаллияти язидӣ муртакиб шуд, ки яке аз шадидтарини онҳо, ҷинояти аносури ин гурӯҳ дар деҳаи  «Коҷо » дар атрофи минтақаи Синҷар дар моҳ августи  соли  2014 буд. 

Дар пайи берун рондани гурӯҳи террористии ДИИШ аз минтақаи Синҷор дар авохири соли 2015 шумори зиёде аз гурӯҳҳои ҷамъӣ аз пайкарҳои аҳолии минтақаи Синҷор кашф шуд ва ниҳодҳои ироқии коршиносоии ҳувияти қурбониёни дафн шуда дар ин гурӯҳҳоро анҷом доданд. 
 

Ба навиштаи расонаҳои ироқӣ, арзёбӣҳои расмӣ нишон медиҳад, ки сарнавишти ҳудуди 3 ҳазор нафар аз язидиҳои ироқӣ ҳамчунон номаълум аст.
 
Ин гузоришҳо ҳокӣ аст ДИИШ беш аз 6 ҳазору 400 язидиро дар даврони тохтутози худ дар шимоли Ироқ рабуд,  ки 3 ҳазору 200 нафар аз онҳо тавонистанд фирор кунанду бархе низ наҷот ёфтанд. Аммо сарнавишти бақия ҳамчунон номаълум будааст. 

Ироқ  дар соли 2017 пас аз се соли набард, пирӯзӣ бар гурӯҳи террористии ДИИШ-ро эълом кард, аммо унсурҳо ва ҳастаҳои парокандаи ин гурӯҳи террористӣ дар баъзе минтақаҳои кишвар ҳамчунон фаъоланд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп