Феврал 07, 2021 11:55 Asia/Dushanbe
  • Гриффитс барои табодули назар бо мақомоти Эрон дар хусуси ҳалли буҳрони Яман ба Теҳрон сафар карда аст
    Гриффитс барои табодули назар бо мақомоти Эрон дар хусуси ҳалли буҳрони Яман ба Теҳрон сафар карда аст

Мартин Гриффитс-фиристодаи вижаи Созмони Миллали Муттаҳид дар умури Яман барои машварат бо мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон вориди Теҳрон шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Гриффитс барои машварат ва табодули назар бо мақомоти Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар хусуси ҳалли буҳрони Яман ба Теҳрон сафар карда аст .

Ҷо Байден-раиси ҷумҳӯрии Амрико дар суханронии ахири худ бо ишора ба авлавиятҳои сиёсати хориҷӣ дар давлати ҷадиди ин кишвар аз тасмими худ барои поён додан ба ҷанги Яман хабар дод .

 Арабистон бо ташкили эътилофе аз чанд кишвари арабӣ ва бо ҳамроҳии Амрико ва режими саҳюнистӣ аз марти 2015 кишвари фақири Яманро ҳадафи ҳамлаи низомӣ аз замин, баҳр ва ҳаво қарор дода аст .

Ин таҷовузи низомӣ то кунун ҳеч дастоварде барои Риёз надошта ва танҳо ба вайронии кишвари Яман ва кушта шудани ҳазорон ғайринизомӣ дар ин кишвар мунҷар шуда аст.

 

 Бештар бихонед:

 

 

Барчасп