Ҳамлаи дубора ба корвонҳои артиши террористи Амрико дар Ироқ
Феврал 09, 2021 10:36 Asia/Dushanbe
Манобеи ироқӣ душанбешаб аз ҳадаф қарор гирифтани 2 корвони пуштибонии артиши террористи Амрико дар Ироқ хабар доданд.
Канали хабарии "Собирин"-и Ироқ эълом кард: “ин 2 корвони пуштибонии артиши террористи Амрико дар шаҳрҳои Девония ва Бағдоди Ироқ ҳадаф қарор гирифтаанд”.
Канали хабарии "Собирин" ба ҷузъиёти бештар ва талафоти эҳтимолии ин ҳамалот ишора накардааст.
Корвони пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ироқ дар моҳҳои ахир борҳо ҳадаф қарор гирифтаанд.
Бисёре аз мардум ва гурӯҳҳои ироқӣ хоҳони хурӯҷи нерӯҳои террористи амрикоӣ аз Ироқ ҳастанд ва порлумони ин кишвар низ тарҳе дар бораи хурӯҷи ин нерӯҳо тасвиб кардааст.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Гурӯҳи «Қосим Ал Ҷабборин» масъӯляти ҳамла ба корвонҳои амрикоиро дар Ироқ бар ӯҳда гирифт
- Ҳамла ба корвони пуштибонии нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ
- Ҳамлаи хумпораӣ ба корвони низомиёни амрикоӣ дар Бағдод