Феврал 13, 2021 16:04 Asia/Dushanbe
  • Аносур ва ҳастаҳои парокандаи ДИИШ ҳануз дар бархе манотиқи Ироқ фаъол ҳастанд
    Аносур ва ҳастаҳои парокандаи ДИИШ ҳануз дар бархе манотиқи Ироқ фаъол ҳастанд

21 нафар аз афроди гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ироқ бар асари иштибоҳи омили интиҳории худ ба ҳалокат расиданд.

Ба гузориши ИРНА, фармондеҳии амалиёти Сомиро дар Ироқ рӯзи шанбе дар баёнияе эълом кард, як омили интиҳорӣ, ки ҳидояти як дастгоҳи худрави бомбгузорӣ шударо бар ӯҳда дошт ва мехост худравро дар яке аз постҳои бозрасии пулиси федероли Ироқ мунфаҷир кунад, қабл аз тарки маҳали истиқрори афроди гурӯҳи террористии ДИИШ барои худоҳофизӣ аз онҳо иқдом ба буқ(сигнал) задан кард, аммо фаромӯш кард, ки маводи мунфаҷираи коргузошта шуда дар худрав бо фишор додани сигнал мунфаҷир хоҳад шуд.

Бар асоси ин баёния, бар асари ин инфиҷор илова бар инҳидоми худрави бомбгузорӣ шуда ва ҳалокати ронандаи интиҳории он, 21 тан аз афроди диишии ҳозир дар маҳал низ кушта шуданд.

Ироқ дар соли 2017 пас аз се сол набард, пирӯзӣ бар гурӯҳи террористии ДИИШ-ро эълом кард, аммо унсур ва ҳастаҳои парокандаи ин гурӯҳи террористӣ ҳанӯз дар бархе манотиқи ин кишвар фаъол ҳастанд.

Афзоиши таҳаррукоти террористҳо дар бурҳаи ахир боис шуд то нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ бар шиддат амалиёти худ алайҳи боқи мондаҳои гурӯҳи террористии ДИИШ дар манотиқи мухталифи ин кишвар биафзоянд ва дар се ҳафтаи ахир шумори зиёде аз саркардагони террорист, аз ҷумлаи саркардаи аршади ДИИШ дар Ироқ мавсум ба «ҷонишини Халифа ва волии Ироқ» дар ин гурӯҳро ба ҳалокат бирасонанд.

   

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

 

 

Барчасп