Ҳештаги «суқӯти низоми Саудӣ» дар Арабистон тренд шуд
(last modified Sat, 13 Feb 2021 11:20:24 GMT )
Феврал 13, 2021 16:20 Asia/Dushanbe
  • Фаъолони саудӣ таъкид карданд: наҷоти Масҷидулақсо ҷуз бо суқӯти режими Саудӣ рух нахоҳад дод
    Фаъолони саудӣ таъкид карданд: наҷоти Масҷидулақсо ҷуз бо суқӯти режими Саудӣ рух нахоҳад дод

Фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Арабистон бо ба роҳ андохтани пӯиши густардае, ҳештаги «суқӯти низоми Саудӣ»-ро тренд(маҳбуб- маъмул) карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, фаъолони шабакаҳои маҷозӣ дар Арабистон аз рӯзи панҷшанбе бо зикри мавориди нақзи ҳуқуқи башар ва зулму фасоди ҳокимони Саудӣ, аз мушкилоти вахими иқтисодӣ ва афзоиши солиёнаи касрии буҷет ва рекоди бекорӣ дар ин кишвар низ интиқод карданд.

Фаъолони Саудӣ ҳамчунин таъкид карданд, наҷоти Масҷидулақсо ҷуз бо суқӯти режими Саудӣ ва озодии Макка ва Мадина рух нахоҳад дод.

Онҳо ҳамчунин дар “Твитт”-ҳои худ навиштанд, ки давлати Саудӣ бо иқдомоташ дар дохил ва хориҷи марзҳо, мӯҷиби бадномии Арабистон дар чашми мардуми ҷаҳон шудааст.

Дар ҳамин ҳол ҳамзамон бо озодии яке аз занони арабистонии фаъоли ҳуқуқи башар аз зиндон, фишорҳо бар давлати Саудӣ барои озодии зиндониёни сиёсӣ дар ин кишвар шиддат гирифтааст.

БЕШТАР БИХОНЕД: