Мухолифати қотеи Мисру Арабистон бо ихроҷи мардуми Фаластин аз сарзамини худ
(last modified Tue, 22 Apr 2025 05:04:50 GMT )
Апрел 22, 2025 10:04 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати қотеи Мисру Арабистон бо ихроҷи мардуми Фаластин аз сарзамини худ

Порс-Тудей. Қоҳира ва Риёз дар баёнияе муштарак бар лузуми ҳимоят аз тамомияти арзии кишварҳои арабӣ ва бозсозии Ғазза таъкид карданд.

Кишварҳои Мисру Арабистон дар баёнияе муштарак эълом карданд, ки ба таври қотеъ бо ҳар гуна талош барои ихроҷу ҷобаҷоии иҷбории фаластиниён аз сарзамини худ дар борикаи Ғазза ё Каронаи бохтарӣ мухолифанд.

Дар ин баёния ҳамчунин бар ҳимояти комил аз ибтикори амали кишварҳои арабӣ - исломӣ барои бозсозии борикаи Ғазза пас аз ҷанги ахир таъкид шудааст. /Меҳр