Феврал 21, 2021 15:06 Asia/Dushanbe
  • Туркия аз 10 феврал амалиёти “Панҷаи уқоб”-ро дар шимоли Ироқ оғоз кард
    Туркия аз 10 феврал амалиёти “Панҷаи уқоб”-ро дар шимоли Ироқ оғоз кард

Шимоли Ироқ дар ду ҳафтаи ахир шоҳиди бурӯзи ноамниҳое буд, ки бар равобити бозигарони сиёсии дохилии ин кишвар таъсиргузор аст.

Туркия аз рӯзи 10 феврал амалиёти “Панҷаи уқоб – 2” -ро бо ҳадафи нобудии мақарҳои Ҳизби коргарони Курдистон (П.К.К) дар минтақаи Горо, дар шимоли Ироқ оғоз кард. Дар иттилоияи Вазорати дифои миллии Туркия омадааст: Бо ҳадафи пешгирӣ аз ҳамалоти террористӣ аз шимоли Ироқ алайҳи миллат ва нерӯҳои амниятиямон ва таъмини амнияти марзҳо, дар ростои ҳаққи дифои қонунӣ бар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ, амалиёти “Панҷаи уқоб –2” тартиб дода шуд.

Дар воқеъ, баҳонаи Туркия барои амалиёти “Панҷаи уқоб 2” ин буд, ки дар ҷангҳои солҳои гузашта миёни артиши Туркия ва гурӯҳаки ПКК 13 низомии турк ба дасти нерӯҳои ин гурӯҳак асир шуда ва ба хоки Ироқ мунтақил шуда буданд. Туркия бо оғози амалиёти “Панҷаи уқоб 2” дар садади озод кардани ин нерӯҳои асиршуда буд, аммо манобеи хабарии Туркия якшанбеи гузашта ба нақл аз Вазорати дифои ин кишвар эълом карданд, нерӯҳои ПКК тамоми 13 асирро ба қатл расонда ва бо ба ҷой гузоштани ҷанозаҳо ақибнишинӣ кардаанд. Ҳамин мавзуъ низ бо ҳаҷмаи густардаи таблиғотии Туркия барои қонунӣ ҷилва додани ҳамла ба шимоли Ироқ табдил шуд.

Таҳлилгарон бар ин бовар ҳастанд, ки Анкара бо фазосозии расонаӣ дар бораи ПКК дар садади тавҷеҳи ҳамла ба Синҷор аст. Дар воқеъ, бархе бар ин боваранд, ки Туркия дунболи ташдиди иқдомҳои низомии худ дар минтақа барои касби пирӯзӣ ва истифода аз он дар арсаи сиёсати дохилӣ аст ва аз ин рӯ ин бор ба баҳонаи мубориза бо ПКК дар шимоли Ироқ, муҷиби нақзи ҳокимияти ин кишвар шудааст.

Дар ҳамин хусус, ҳодӣ Алъомирӣ, раиси эътилофи Алфатҳи Ироқ дар баёнияе навишт: “Додаҳои иттилоотии таъйидшуда нишон медиҳад, ки артиши Туркия қасди ҳамла ба кӯҳистони Синҷор дорад ва давлати Туркия боястӣ аз ин иқдомоти душманона даст бикашад, зеро на танҳо ба манофеи ду кишвар хидмат намекунад, балки таъсири зиёде бар ин равобит мегузорад. Интизор доштем, ки давлати Туркия ба таври комил аз хоки Ироқ ақибнишинӣ кунад, на ин ки ба ишғолгарии бештаре иқдом кунад”.

Расади таҳаррукот дар сиёсати хориҷии Туркия нишон медиҳад, ки сиёсати хориҷии Анкара дар солҳои ахир ва ба хусус тайи чанд моҳи гузашта аз як роҳбурди танишзо пайравӣ карда ва ба вижа дар мавриди бархе аз ҳамсоягон аз қоидаи ҳусни ҳамҷаворӣ бо ҳамсоягон убур кардааст.

Иброҳим Қолин, сухангӯи раиси ҷумҳурии Туркия гуфт: Амалиёти низомии Туркия дар шимоли Ироқ алайҳи унсури ПКК бо ҳамоҳангии Бағдод ва Эрбил анҷом шудааст.

Ин таҳаррукот на танҳо дастоварде барои давлати Анкара надошта, балки аз як сӯ ҷони низомиёни Туркияро ба хатар андохта ва аз сӯйи дигар ба хусус дар Ироқ ба омиле барои афзоиши ноамнӣ ва ҳамчунин фишори гурӯҳҳои сиёсӣ ба давлати Мустафо Алкозимӣ барои вокуниши ҷиддӣ ба нақзи ҳокимияти ин кишвар тавассути Туркия табдил шудааст.

Дар ҳамин росто, бархе бар ин бовар ҳастанд, ҳамалоти мушакии ахир алайҳи фурӯдгоҳи байналмилалии Эрбил ва пойгоҳи амрикоии Алҳарир, ҳушдори гурӯҳҳои ироқӣ ба Туркия буд, ки сабаби мунозиаи сиёсӣ миёни гурӯҳҳои ироқӣ дар дохили ин кишвар шуд.

Нуктаи поёнӣ ин аст, ки бо тавваҷуҳ ба масири сиёсати хориҷӣ ва иқдомоти давлати Туркия, ба назар намерасад, ки поёни амалиёти “Панҷаи уқоб – 2”, ки Туркияи онро амалиёти зиддитерроризм меномад, поёни дахолати ин кишвар ва нақзи ҳокимияти Ироқ бошад, балки мумкин аст дар моҳҳои оянда боз ҳам чунин иқдомҳои низомӣ дар шимоли Ироқ аз сӯйи давлати Анкара анҷом шавад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп