Ҳушдори "Ҳизбуллоҳ" дар бораи байналмилалӣ кардани парвандаи Лубнон
(last modified Sun, 28 Feb 2021 12:56:42 GMT )
Феврал 28, 2021 17:56 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори \
    Ҳушдори \"Ҳизбуллоҳ\" дар бораи байналмилалӣ кардани парвандаи Лубнон

Як узви Ҳизбуллоҳ байналмилалӣ кардани парвандаи Лубнонро иқдоме хатарнок ва таҳдиде вуҷудӣ барои кишвар унвон кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник; «Ҳасани Фазлуллоҳ", узви фраксияи вафодори Ҳизбуллоҳ, дар посух ба даъвати раҳбари маронитҳои ин кишвар барои баргузории як конфронси байналмилалӣ дар бораи Лубнон гуфт, ки ҳалли мушкилот ва бӯҳрони Лубнон бояд дар дохили кишвар оғоз шавад.

«Патрис Башшара Марунӣ» раҳбари маронитҳои Лубнон рӯзи шанбе барои баргузории як конфаронси байналмилалӣ дар бораи Лубнон фарохон дод. 

Шаҳрҳои Лубнон аз 17 октябри 2019 шоҳиди тазоҳуроти мардуми дар эътироз ба вазъияти иқтисодист. Мӯътаризон табақаи сиёсиро масъули вахомати авзоъ дар Лубнон медонанд.  

  Бештар бихонед : 

Барчасп