Март 10, 2021 17:34 Asia/Dushanbe
  • Бин Салмон беш аз 200 шоҳзода ва сиёсатмадори саудиро зиндонӣ кардааст
    Бин Салмон беш аз 200 шоҳзода ва сиёсатмадори саудиро зиндонӣ кардааст

Валиаҳди Арабистони Саудӣ барои "Машҳур Бин Абдулазиз" падари ҳамсараш дастури боздошти хонагӣ содир кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, як манбаи огоҳ ба вебгоҳи Викиликси саъӯдӣ гуфт: Дастури « Муҳаммад бин Салмон» валиаҳди саъӯдӣ барои боздошти хонагии падари ҳамсараш пас аз он сурат гирифт, ки вай бидуни иттилои мақомоти амниятии саудӣ бо як мақоми амниятии муҳими амрикоӣ дидор карда буд. 

Машҳур Бин Абдулазиз  падари "Сара бинти Машҳур", ҳамсари Муҳаммад бин Салмон ва бародари нотании шоҳи Саудӣ мебошад.

Ба ҷуз вай чаҳор тан аз фарзандони Абдулазиз Оли Саъуд ҳанӯз дар қайди ҳаёт ва ҳамагӣ кӯчактар аз Малик Салмон ҳастанд ва метавонанд таҳдиде барои подшоҳии Муҳаммад Бин Салмон маҳсуб шаванд. 

Пештар ҳам Бин Салмон беш аз дусад шоҳзода ва сиёсатмадори саъудиро зиндонӣ кард ва беш аз сад миллиард доллар аз боздошт шудагон гирифт. 

Давлати Арабистон ба вижа пас аз рӯи кор омадани «Муҳаммад Салмон » валиаҳди ин кишвар, иқдомоти шадиде алайҳи нависандагон ва фаъолони маданӣ анҷом дода ва даҳҳо нафар аз рӯҳониҳо, шоҳзодагон, нависандагон, шоирон ва фаъолони маданӣ ва мазҳабиро ба баҳонаи иқдом алайҳи амнияти ин кишвар боздошт ва токунун шуморе аз ононро ба зиндон ва эъдом маҳкум кардааст. 

 
  
  Бештар бихонед :

Барчасп