Октябр 20, 2016 15:27 Asia/Dushanbe
  • Саудиҳо омили ҳамалоти террористӣ дар ҷаҳони Ислом

Намояндаи пешини Маҷлиси Баҳрайн, гуфт, саудиҳо омили ҳамалоти террористӣ дар ҷаҳони Ислом ҳастанд.

Ҷалол Фирузӣ, намояндаи пешини Маҷлиси Баҳрайн, дар гуфтугӯ бо ИРНА, афзуд, шавоҳиди мушаххасе вуҷӯд дорад, ки нишон медиҳад, саудиҳо дар тамоми ҳамалоти террористӣ дар ҷаҳони Ислом даст дошта ва аз гурӯҳи террористии ДИИШ ҳимоят мекунад.

Вай зимни маҳкум кардани ҷиноятҳои режими Оли Сауд дар Баҳрайн ва Яман, тасреҳ кард, режими Оли Сауд бо додани ришва ба Ғарб, дарсадади сарпушгузоштани ҷиноёти худ дар минтақа аст.

Ҷалол Фирузӣ, ки дар таҷаммуъи зидди Саудӣ дар Лондон ширкат карда буд, афзуд, саудиҳо имрӯз дар муқобили нерӯҳои ироқӣ, ки барои озодии сарзаминашон аз ишғоли гурӯҳи террористии ДИИШ талош мекунанд, ҷибҳаи гирифтаанд ва ин нишон медиҳад, Оли Сауд аз гурӯҳҳои террористӣ ҳимоят мекунад.

Садҳо нафар аз фаъолони маданӣ, сиёсӣ ва мудофеъи ҳуқуқи башар рӯзи чаҳоршанбе, дар эътироз ба сиёсатҳои таҳоҷумӣ ва саркбугаронаи Арабистон дар минтақа, аз ҷумлаи идомаи ҳамалоти ин режим ба Яман ва саркӯби мардуми Баҳрайн, дар муқобили сафорати ин кишвар дар Лондон таҷаммуъ карданд.

Дар ин таҷаммуъ, ки бо ҳузури атбои кишварҳои Яман, Арабистон, Баҳрайн, Лубнон ва Ироқ баргузор шуд, таҷамуъкунандагон ҷиноятҳои режими Оли Сауд дар Яман, сакуби мардум ва уламои Баҳрайн ва ҳимояти Оли Сауд аз диктаторҳо ва гурӯҳҳои террористӣ-такфирӣ дар минтақаро маҳкум карданд.

Ширкаткунандагон дар ин таҷаммуъ бо дар даст доштани тасвири Шайх Исо Қосим, руҳонии аршади шиаи Баҳрайн, салби тобеъияти вай аз тарафи режими Оли Халифа бо ҳимояти Арабистонро маҳкум карданд.