Атаботи муқаддаси Ироқ ба муносибати фаро расидани ҷашнҳои Шаъбония гулозин шуданд
(last modified Thu, 18 Mar 2021 12:33:03 GMT )
Март 18, 2021 17:33 Asia/Dushanbe
  • Атаботи муқаддаси Ироқ ба муносибати фаро расидани ҷашнҳои Шаъбония гулозин шуданд

Ба муносибати фаро расидани ҷашнҳои Шаъбония атабот(маконҳо)и муқаддасаи Ироқ ба зевару атр гулозин шуданд .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бо вуҷуди ҳамагирии вируси корона ва муқаррароти пешгирӣ аз шуюъи ин вирус, теъдоди қобили таваҷҷуҳе аз зоирони ироқӣ рӯзи чаҳоршанбе, мусодиф бо валодати Имом Ҳусайн ( а ) ва милоди ҳазрати Абулфазли Аббос ( а ) бо ҳузур дар Карбалои муалло ва Байнуалҳарамайн ин ойинҳои вижаро гиромӣ доштанд.

    Ҳамзамон мудирияти оромгоҳи муқаддаси ҳусайнӣ барои миллионҳо ошиқу шефтаи зиёрати аҳли байти исмату таҳорат ( а ) пойгоҳи интерентии зиёрат аз роҳи дур эҷод карда, то зимни мурооти шеваномаҳои беҳдоштӣ фурсати зиёрати маҷозиро барои зоирон фароҳам кунад .

    Нерӯҳои амниятӣ дар устони Карбало низ ба ҳамин муносибат тадобири вижае барои таъмини амнияти шаҳру манотиқи атрофи ҳарам бо ҳадафи омода шудан ба манзури баргузории ҷашнҳои нимаи аввал ва 15 шаъбон, солрӯзи милоди Имоми аср ( аҷ ) фароҳам кардаанд .

    Боргоҳҳои Аиммаи атҳор ( а ) дар Наҷафи ашраф, Карбало,Козимийн ва Сомирро ба иловаи сойири мазор ва зиёратгоҳҳои Ироқ низ ба ҳамин муносибатҳои фархунда бо дастаҳои гул озинбандӣ шудаанд .

  Шаҳри муқаддаси Карбало таи имрӯзу фардои ҷумъа мусодиф бо милоди бо баракати Имом  Зайнуобидин (а ) бо вуҷуди тадобири пешгиронаи беҳдоштии вобаста ба ҳамагирии корона, худро омодаи пазироӣ аз зоирони Аиммаи атҳор (а ) кардааст .

 

    Бештар бихонед :