Март 23, 2021 21:15 Asia/Dushanbe
  • Ҷанги Арабистону ҳампаймононаш зидди Яман вориди ҳафтумин сол шуда аст
    Ҷанги Арабистону ҳампаймононаш зидди Яман вориди ҳафтумин сол шуда аст

Як маркази ҳуқуқи башарӣ дар тозатарин омори худ аз шаҳиду захмӣ шудани 44593 яманӣ бар асари ҳамалоти эътилофи саъудӣ таи шаш соли гузашта ба ин кишвар хабар дод .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Алмасира, Маркази ҳуқуқи башари Айнулинсония дар Яман рӯзи сешанбе эълом кард : « Дар муддати шаш соли таҷовузи эътилофи саъудӣ ба Яман, 17 ҳазору 97 нафар дар ин кишвар шаҳид ва 27 ҳазору  496 нафари дигар захмӣ шудаанд . »

  Дар иттилоъияи ин ниҳоди ҳуқуқи башарӣ ҳамчунин омадааст : «Аз маҷмӯи кушташудагон 3 ҳазору 821 нафари кӯдак, 2 ҳазору 394 нафар зан ва 10 ҳазору 882 тан низ мард будаанд . Ҳамчунин 27 ҳазору 496 нафар аз ҷумла 4 ҳазору  183 кӯдак ва 2 ҳазору  815 зан низ маҷрӯҳ шудаанд . »

   Ҳамчунин тибқи омори маркази ҳуқуқи башарии Айнулинсония дар ин муддат 571 ҳазору 190 хона, 178 бинои донишгоҳӣ ، 1 413 масҷид , 390 бемористону дармонгоҳ, 1 102 мадрисаву омӯзишгоҳ, 247 асари бостонӣ, 395 коргоҳу корхона ҳадафи ҳамалоти ҳавоӣ ва заминии эътилофи саъудӣ қарор гирифтаанд .

 Арабистон‌ бо ҳимояти Амрико, Аморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоии ин кишварро оғоз кардааст .

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп