Кашфи анбори силоҳҳои террористӣ дар се устони Ироқ
(last modified Sun, 28 Mar 2021 07:11:01 GMT )
Март 28, 2021 12:11 Asia/Dushanbe
  • Кашфи анбори силоҳҳои террористӣ дар се устони Ироқ
    Кашфи анбори силоҳҳои террористӣ дар се устони Ироқ

Нерӯҳои амалиётии Ироқ бо чанд амалиёт теъдоде аз анборҳои силоҳҳои ДИИШ-ро дар се устони ин кишвар кашф кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, нерӯҳои амниятии Ироқ дар устонҳои «Диёла, Найнаво ва Киркук пас аз шиносоӣ ва кашфи анбори силоҳи террористӣ онҳоро нобуд карданд. 

Мушаки SPG9, минаҳои зидди танк, теъдоди қобили таваҷҷӯҳи гулӯлаи хумпора ва ракетҳои Катюша дар ин амалиёт кашф шуданд. 

 Дар ҳамини ҳол, ҷангандаҳои артиши Ироқ тайи шабонарӯзи гузашта, махфигоҳҳои ДИИШ дар минтақаи "Макишифа" дар маркази устони Салоҳуддин ва кӯҳҳои Ҳамрин дар шимоли ин вилоятро бомбаборон карданд. 

 Ҳанӯз аз мизони талафоти террористҳои ДИИШ дар ин ҳамалот гузорише мунташир нашудааст. 

 Бо вуҷуди шикасти ДИИШ дар ноябри 2017 ҳанӯз ҳастаҳои хомӯши ин гурӯҳи террористӣ дар бархе манотиқи Ироқ  амалиёти террористӣ анҷом медиҳанд. 

Нерӯҳои амниятӣ ва низомии Ироқ аз соли гузашта дар ҳоли иҷрои амалиёти поксозӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар барои решакан кардани бақоёии террористҳои ДИИШ ҳастанд.

 

Бештар бихонед: