Октябр 22, 2016 12:55 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири Ироқ: Туркия ба дунболи нуфуз аст

Нахуствазири Ироқ Туркияро ба талош барои тавсеаи нуфузи худ муттаҳам кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи "ал-Олам", Ҳайдар Ибодӣ рӯзи шанбе дар ифтитоҳияи нуҳумин иҷлоси Шӯрои олии Маҷмаи ҷаҳонии "Бедории исломӣ" гуфтааст, Туркия нерӯҳои худро барои ҷанг алайҳи ДИИШ эъзом накарда, балки ин иқдом бо ҳадафи тавсеаи нуфуз аст. Нахуствазири Ироқ афзуд, "Туркия бидуни даъват моро бо эъзоми артишаш таҳдид мекунад, дар ҳоле ки қаблан кӯмак ба мо барои мубориза бо ДИИШ-ро напазируфта буд". Ӯ таъкид кард, Туркия дар ҳоли набард алайҳи ДИИШ нест, балки дар ҳоли набард барои тавсеаи доираи нуфузи худ аст. Нахуствазири Ироқ гуфт, "ба касоне, ки дар амалиёти озодсозии Мусил ибрози тардид мекунанд, мегӯем: ҳангоме, ки ДИИШ занони ин шаҳрро ба бардагӣ гирифта, фарзандони аҳли суннатро ба қатл расонду мардуми ин шаҳрро кӯчонд, шумо куҷо будед?".