Апрел 14, 2021 10:08 Asia/Dushanbe
  • Эмус Ядлин мегӯяд, ки  барои муваффақ шудан ба ташкили кобина даст ба моҷароҷӯӣ алайҳи Эрон задааст
    Эмус Ядлин мегӯяд, ки барои муваффақ шудан ба ташкили кобина даст ба моҷароҷӯӣ алайҳи Эрон задааст

Раиси пешини дастгоҳи иттилооти низомии режими саҳюнистӣ Натаняҳуро омили харобкорӣ дар таъсисоти ҳастаии Эрон донист ва аз ӯ ба сабаби ин иқдом интиқод кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии садоии хуросон ба нақл аз нашрияи «Таймс оф Исроил » Times of Israel, Эмус Ядлин  Amosи Yadlin раиси пешини дастгоҳи иттилооти Низомии Исроил аз  нахуст вазири ин режим Бенямин Натаняҳу интиқод кард ва гуфт: «Натаняҳу бидуни доштани муҷаввиз даст ба чунин иқдомоте мезанад дар сурате, ки чунин тасмимоте ба таъйиди кобина ниёз дорад.» 

Ядлин гуфт: «Иқдоми Натаняҳу алайҳи таъсисоти Натанз бо ҳадафи талош барои ташкили кобина анҷом шуд, ки метавонад оғози як буҳрони амниятӣ бошад. »


Мақоми иттилоотии собиқи Исроил илова кард: «Равшан аст, ки Ҷумҳурии исломии Эрони фаъолиятҳои ҳастаии худро пеш хоҳад бурд ва эҳтимолан ба ҳамлаи Исроил низ бо қудрат, аммо ба шакле ҳисобшуда, посух хоҳад дод.» 

Рӯзномаи Иерусалим Пост дар як гузориш рӯзи сешанбе ба таври ғайримустақим эътироф кардааст, ки агенти ҷосусии Исроил Моссад дар амалиёти тахрибкории рӯзи якшанбе дар таъсисоти ҳастаии Натанз даст дорад.

Бомдоди якшанбе ҳодисае дар бахше аз шабакаи тавзеъи барқи муҷтамаъи ғанӣсозии таъсисоти ҳастаии Натанз дар маркази Эрон рух дод, ки хушбахтона садамоти инсонӣ ва олудагӣ ба дунбол надошт. 

Эрон режими саҳюнистиро масъули ин иқдоми харобкорона медонад ва эълом кардааст аз Исроил дар вақти муносиб интиқом хоҳад гирифт.

 

Бештар бихонед:

Барчасп