Нокоромадии “Гунбади оҳанин” ва зарбапазирии иттилоотӣ ва амниятии режими саҳюнистӣ
(last modified Sun, 25 Apr 2021 06:34:46 GMT )
Апрел 25, 2021 11:34 Asia/Dushanbe
  • Режими саҳюнистӣ охири ҳафтаи гузашта шоҳиди вуқуъи ду таркиш дар таъсисоти Димона буд
    Режими саҳюнистӣ охири ҳафтаи гузашта шоҳиди вуқуъи ду таркиш дар таъсисоти Димона буд

Режими саҳюнистӣ чаҳоршанбеву панҷшанбеи гузаштаи шоҳиди вуқуъи ду рухдоди амниятӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ буд, ки осебпазирии амниятӣ-низомӣ ва иттилоотии онро ошкор кард.

  Манбаъҳои хабарӣ рӯзи чаҳоршанбе  аз вуқуъи таркиши шадид дар таъсисоти амниятии ҳассоси режими саҳюнистӣ дар маркази Фаластини ишғолӣ хабар доданд .

    Эдди Коэн-рӯзноманигори саҳюнист дар сафҳаи Тветтири худ бо интишори филме аз ин  таркиши  навишт : Ин таркиш дар таъсисоти амниятии ҳассос дар маркази Исроил рух дод . Бо гузашти чанд соъат манобеи хабарии режими саҳюнистӣ гузориш доданд, ки таркиш дар корхонаи тавлиди силоҳҳои пешрафта аз ҷумла мушакҳои мухталиф ба вуқуъ пайваст . Бомдоди панҷшанбе низ як мушак аз хоки Сурия бо гузар аз сомонаи дифои мушакии режими саҳюнистии мавсум ба “Гунбади оҳанин” -и атрофи таъсисоти ҳастаии стратегии Димонаро ҳадаф қарор дод .

  Дар хусуси ин таҳаввулот чанд нукта дорои аҳамият вуҷуд дорад .

  Нуктаи нахуст ин аст, ки режими саҳюнистӣ талош дорад таблиғ кунад, ончӣ дар корхонаи мушаксозӣ анҷом шуд, як ҳодисаи бархоста аз хатои инсонӣ  ҳангоми анҷоми озмоише дар корхона будааст . Ин ривоят аммо аз сӯи саҳюнистҳо иборат аз мардуми оддӣ, расонаҳо ва шахсиятҳои зиёде пазируфта нашуд . Рӯзномаи ибризабони Гааретс ба нақл аз хонандагони худ навишт : « Фарзро бар ин бигирем, ки воқеан ин як озмоиш буд, озмоише  ки аз контроли хориҷ ва боиси инфиҷор шуд, аммо наметавон бовар кард, ки чунин ҳодисаи бо ин азамат ҳеч талафоте дар пай надошта бошад, бо чандин  лояи  ҳусни ният ҳам ривояти шумо шакбарангез аст . »

  Иллати инки режими саҳюнистӣ бо таблиғоти зиёд саъй дорад вонамуд кунад воқеан як хатои инсонӣ дар корхонаи мушаксозӣ ба инфиҷор анҷомид, ба ин мавзӯъ бармегардад, ки агар бипазирад инфиҷор бархоста аз омили хориҷии наздик ба меҳвари муқовимат буд, бояд ба он посух диҳад ва ин посух барои онҳо ҳазина дорад . Мақомоти режими саҳюнистӣ мутаваҷҷеҳ ҳастанд, ки идомаи ин раванд чӣ ҳазинаҳоеро метавонад бар онҳо таҳмил кунад . Илова бар ин пазириши нақши омили хориҷӣ ба манзалаи осебпазир будани амниятӣ ва иттилоотии  Исроил аст; мавзӯе ки Тел-Авив  ба шиддат рӯии он манёвр медиҳад ва онро аз муаллифаҳои қудрат худ медонад .

    Нуктаи дувуми инки режими саҳюнистӣ ошкоро эълом кард,ки инфиҷор дар наздикии сайти Димона аз хоки Сурия анҷом шуда ва мушак низ дар 30 километрии сайти Димона фуруд омадааст . Ин мавзӯъ низ беш аз ҳама баёнгари нокоромадии сомонаи “Гунбади оҳанин”-и режими саҳюнистӣ аст, ки тавони раҳгирии мушаки шилликшуда аз хоки Сурияро надоштааст .

    Дар ҳамин росто Ниру Дафориу-таҳлилгари шабакаи 12 телевизиюни режими саҳюнистӣ дар пойгоҳи итилоърасонии ин шабакаи ибризабон таъкид кард: Бар рӯйи коғаз сомонаҳои мо бояд ин мушаки падофандии Сурияро сарнагун мекард , аммо тамоми сомонаҳо дар раҳгирии он оҷиз монда ва шикаст хурданд .

 Авичауи Адраееи-сухангӯи арабии артиши режими саҳюнистӣ низ ба нокомии дифои зиддиҳавоии Тел-Авив дар раҳгирии мушаки шилликшуда аз хоки Сурия иқрор кард . Беннуи Гантзу- вазири ҷанги режими саҳюнистӣ низ зимни эътироф ба нокоромадии сомонаи дифои мушакии “Гунбади оҳанин”-и режими саҳюнистӣ  гуфт : Дар хусуси шикасти амалиёти раҳгирии мушакии ин сомона таҳқиқ хоҳад кард .

  Сарфи назар аз инки инфиҷор дар корхонаи мушаксозӣ дар асари хатои инсонӣ буд ё омили хориҷӣ, шиллеки мушак ба самти сайти Димона як ҳушдор ба Исроил дар хусуси харобкорӣ дар даруни кишварҳои дигар аз ҷумла Сурия ва Эрон буд, дар ин хусуси ин ки идомаи ин рафторҳои харобкорона сабаби ноамниҳои густарда дар дохили сарзаминҳои ишғолӣ хоҳад шуд. Шиллик ба самти Димона ҳомили ин паёми роҳбурдӣ барои режими саҳюнистӣ буд, ки сабри роҳбурдии бозигарони меҳвари муқовимат поён ёфта ва ин режим дар сурати идомаи иқдомҳои харобкорона бояд мунтазири зарбаҳои роҳбурдӣ бошад .

    

  Бештар бихонед :