Апрел 29, 2021 13:24 Asia/Dushanbe
  • Вазири корҳои хориҷии Қатар мегӯяд, ки Доҳа дархости бин Салмонро дар бораи музокирот бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла бо Эрон дастгирӣ мекунад
    Вазири корҳои хориҷии Қатар мегӯяд, ки Доҳа дархости бин Салмонро дар бораи музокирот бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла бо Эрон дастгирӣ мекунад

Вазири хориҷаи Қатар аз изҳороти ахири валиаҳди саудӣ дар бораи "Тамоили Арабистон ба доштани равобити хуб бо Эрон" истиқбол кард.

 Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи хабаргузории Меҳр, вазири умури хориҷаи Қатар Муҳаммад  Бин Абдураҳмон Оли Сонӣ  дар як паёми Твиттерӣ зимни эъломи ҳимоят аз сӯҳбатҳои Муҳаммад Бин Салмон , валиаҳди саъудӣ дар бораи тамоюли Риёз ба барқарории равобит бо Эрон навишт: «Мо аз ин дархости Бин Салмон дар арсаи сиёсати хориҷӣ, ки дар он бар ҳусни ҳамҷаворӣ ва гуфтугӯ бо кишварҳои ҳамсоя , аз ҷумла  Эрон таъкид шудааст,، ҳимоят мекунем.» 

 

Бин Салмон  шомгоҳи сешанбе дар як гуфтугӯи телевизиюнӣ бо тағйири лаҳни худ дар қиболи Эрон гуфт: «Эрон  кишвари ҳамсоя аст; Риёз умедвор аст битавонад робитаи хӯбе бо Теҳрон дошта бошад ва дар ҳоли кор бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон барои ёфтани роҳе барои барқарории ин равобит аст.»   
 

Изҳороти ҷадиди валиаҳди саъӯдӣ дар ҳолест, ки вай пештар иддао карда буд ҷангро ба дохили Эрон хоҳад кашонд. 

Эрон токунун борҳо ба Арабистон пешниҳоди гуфтугӯ ва музокира барои рафъи ихтилофҳоро дода буд, аммо ин пешниҳодҳо  ҳар бор бо посухи манфии Риёз  рӯ ба рӯ мешуд. 

 

Бештар бихонед:

Барчасп