Саид Ҳасан Насруллоҳ: Умри режими саҳюнистӣ ба поён расидааст
-
Саид Ҳасани Насруллоҳ ҳамаи мусалмононро даъват кард, ки ба тарафдории Фаластин фарёд зананд
Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар Лубнон гуфт, режими саҳюнистӣ медонад, ки сарнавишти он нобудӣ аст ва ин меҳвари муқовимат аст, ки ояндаи минтақаро муайян мекунад.
Ба гузориши хабаргузории Форс, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон Саид Ҳасан Насруллоҳ рӯзи чаҳоршанбе ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар шабакаи ал-Маёдин ба суханронӣ пардохт ва гуфт: «Созиши бархе кишварҳои арабӣ бо Исроил мӯҷиб шуд то садои муқовимати расотар ва масъулияти мо низ сангинтар шавад.»
Дабири кулли Ҳизбуллоҳ ҳамчунин изҳор дошт: «Поёни давраи Трамп ва омилонаш дар минтақа, суқути тарҳи муомилаи қарн ва эътирофи душманон ба шикаст, аз ҷумла авомиле аст, ки нишон медиҳад озодии Қудс наздик аст ва режими саҳюнистӣ низ бояд бидонад, ки ояндае надорад ва дар остонаи нобудист.»
Саид Ҳасани Насруллоҳ сипас ба рӯҳи бузурги фармондеҳи шаҳиди сипаҳбуд Ҳоҷи Қосим Сулаймонӣ дуруд фиристод ва гуфт: «Ном, тасвир, рӯҳу тафаккури стратегии шаҳиди Сулаймонӣ боқӣ хоҳад монд ва ҳузуру нафасҳои ӯ бо қудрат дар тамомии майдонҳои меҳвари муқовимат идома хоҳад дошт.»
Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар поён аз ҳамаи мусулмонон ва мардуми озодаи ҷаҳон хост то бо қудрат ва бо ҳамаи имконот дар канори мардуми Фаластин боистанд ва дар Рӯзи ҷаҳонии Қудс ба ҳар шакле, ки хилофи дастурҳои беҳдоштии пешгирӣ аз корона набошад мавзеи худро фарёд бизананд.
Имсол ҷумъа 7 апрели 2021 баробар бо охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон, Рӯзи ҷаҳонии Қудс аст.
Бештар бихонед: