Номгузории рӯзи Қудс, таъини масири дурусти уммати ислом
(last modified Thu, 06 May 2021 18:18:41 GMT )
Май 06, 2021 23:18 Asia/Dushanbe
  • Номгузории рӯзи Қудс, таъини масири дурусти уммати ислом

Намояндаи Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин дар Эрон таъкид кард: Номгзории рӯзи Қудс аз он ҷиҳат буд ,то уммати исломӣ дар масири дуруст ҳаракат кунад .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,     Носир Абушариф- намояндаи Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин дар Эрон дар мусоҳиба бо хабаргузории Садо ва Симо гуфт : Қудс макони муқаддасе барои ҳама мусулмонон аст, ки душмани ҳақиқии ин уммат  онро ишғол кардааст .

Намояндаи Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин дар Эрон афзуд : Тарҳи ташкили режими саҳюнистӣ тарҳе алайҳи уммати исломӣ буд ва бар ҳамин асос буд, ки Имом Хумайнӣ ( р ) уммати исломиро ба самти душмани воқеӣ дар ин минтақа яъне режими саҳюнистӣ ва душмани бузургтар яъне Ғарб раҳнамун кард .

  Носир Абушариф ҳамчунин гуфт : Рӯзи ҷаҳонии Қудс- рӯзи ҳамбастагӣ бо миллати Фаластин аст .

Намояндаи Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин дар Эрон хотирнишон кард: Раванди оддисозии равобит ки акнун дар бархе кишварҳои арабӣ сурат мегирад талош барои дур кардани уммати исломӣ аз масаълаи нахусти он яъне Фаластин аст, аммо рӯзи ҷаҳонии Қудс барои тавваҷуҳи уммати мусулмон ба ормони Фаластин талош мекунад, зеро Фаластин воқеан муҳимтарин масаълаи уммати исломӣ аст .

 

    Бештар бихонед :