Май 09, 2021 20:27 Asia/Dushanbe

Расонаҳои хабарӣ аз вуқӯъи сӯхтор дар наздикии заводҳои низомӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ хабар дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз пойгоҳи Степ Нюз, манобеи саҳюнистӣ рӯзи якшанбе эълом карданд сӯхтори густардае дар наздикии ширкати Рафаэл вобаста ба саноеъи низомии артиши режими саҳюнистӣ дар минтақаи шимоли ғарбии Ҳайфа ба вуқуъ  пайваст. 

Расонаҳои ибризабон эълом карданд ин оташсӯзӣ эҳтимолан ба василаи як фард анҷом шудааст. 

Ҳафтаи пеш низ расонаҳои саҳюнистӣ аз вуқӯъи оташсӯзии густарда дар наздикии фурӯдгоҳи Бин Гурион дар сарзаминҳои ишғолӣ хабар дода ва эълом карданд бархе аз хонаҳо тахлия шудаанд.